33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Акнун он тифли маъсуми бехабар аз ҳама гуна ҷашнҳо 88-сола шуда, гоми 89-ро мебардорад. Ў танҳо аз дигарон дар бораи соли нави бобоӣ шунидааст, ё чун афсона аз китобе хондааст. Зеро ў аз бозе худро мешиносад, ҳамин соли нави масеҳиро дидааст, ҳеҷ гуна таҳдидҳову таҳоҷумҳои аз воқеият дур наметавонанд ўро аз таҷлили ин иди воқеӣ боз доранд. Бале ў гунаҳкор нест, балки воқеияте, ки ўро ин ҳама солҳо фарогир буда, ўро чунин тарбия кардааст. Акнун ў мисли чўби хушкест, қи ўро дигар рост кардан натавон. Чӣ гуна метавон ўро гунаҳкор ҳисобид. Магар, ў гунаҳгор аст, ки дар ин замона таваллуд шуда? Не, ў мағлубшудаи воқеияти иҷборист. Ва касе, ки ўро гунаҳгор меҳисобад, бас беинсоф аст.
Исои Масеҳ меояд!
Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд, Ки зи бўи хушаш анфоси касе меояд (Ҳофиз).
Дар сураи «Марям» ва баъзе оёти Қуръони азимушшаън, муфассал перомуни таваллуд ва зиндагонию ба осмон рафтани Исо (а) қиссаҳо бахшида шудааст. Тафовут байни Инҷилу Қуръон дар ин маврид чанд чиз аст. Нахуст, мусалмонону масеҳиён солҳост, ки сари истилоҳи паёмбар ва писари Худо баҳс мекунанд. Яъне, мо мусалмонон мўътақид бар ояҳо аз сураи «Ихлос» - «Назод» ва «Назодашуда» мегўем, ки Аллоҳ Таоло муназзаҳ аз фарзанд аст.
Дуввум, баъзе аз масеҳиён таассуб варзида, Исоро бо лафзҳои Худо ва Худованд ёд кардаанд, ки ислом пурра муқобили чунин ақида аст.
Тафовути саввум дар мавриди кушта шудан ё нашудани Исо (а) мебошад. Ғолибан, ин тафовут ду гурўҳи имондоронро дар ду сангари муқобил қарор додааст. Масеҳиён бар онанд, ки яҳудиён Исоро маслуб (крест) карданд. Ё дар салиб ўро мехкўб карданд, то ки аз дунё чашм пўшид ва баъд аз зиндагон бархост, рўзе зиндагӣ кард ва баъд ба осмон рафт. Минбаъд тамоми рафтору кирдор, ҷашну суннатҳо ва ҳатто ашёҳои диндорони масеҳӣ мабнӣ бар ин ривоят қарор гирифт ва асоси дини масеҳӣ гашт.
Дар Қуръон бошад, ваҳйи Илоҳӣ аст, ки Исоро накуштаанд, балки шахси дигареро гумон бурданд, ки Исо аст ва ўро куштанд.
Ҳазрати Исо (а) бошад, ба осмон рафт.
Касе, ки аз хурдӣ тарбияи исломӣ гирифта бошад, ҳатман ба ў ёдрас, кардаанд, ки дар охируззамон Исо (а) меояд ва бар зидди Даҷҷол мубориза мебарад ва ахиран Масеҳ бар Даҷҷол пирўз мешавад. Ин ақидаи танҳо мусалмонон нест, балки ин ақидаи католику православу хулоса, ақидаи тамоми имондорон аст. Фикр мекунам, ин омил метавонад тамоми имондорони ҷаҳонро муттаҳид созад. Яъне, як ақидаи умумӣ ё ҳамақидагӣ дар ин ҷабҳа ҳаст. Чун подшоҳи Ҳабашия Наҷҷошӣ, ки масеҳӣ буд, мусалмононро ба сабаби сураи бузурги Қуръон «Марям» дар паноҳи худ ҷой дод ва ҳазрати Муҳаммад (с) низ аз ишон ба некӣ ёд мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё