33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Нострадамус
Мишел Нострадамус дар китоби «Пешгўии оянда» қайд мекунад, ки соли 2000-ум, дар ҳавзаи дарёи Волга Исои ҳақиқӣ ба дунё меояд.
Ва Россия мамлакати пешбарандаи дини Худо мегардад.
Нострадамуси франсавӣ дар асри 15, бо шеър ва франсавии классикӣ, боз ба воситаи рамзҳо пешгўиҳои худро навиштааст. Албатта, тарҷумонҳо ҳангоми баргардониш ва таъини солу рамзҳои китоб ба ғалатҳо роҳ додаанд. Аз ин рў рақамҳо дар омадани Масеҳ дақиқ нестанд. Дар ислом низ замони омадани Масеҳро охируззамон гуфтаанд.
Милоди Масеҳ мабрук!
Ирониҳои масеҳӣ ҳамин тарз якдигарро табрик мегўянд! Чун милоду мавлуд ҳаммаъноянд, мабруку табрику мубораку табораку борак аз масдари борака, яъне, дуо додан (благословлять), табрик кардан, бобарор будан реша доранд. Дар Эрон то инқилоб ин ҷашн маъмул буд. Имрўз чун онро аз воқеият бардоштаанд, одамон ба он таваҷҷўҳе надоранд ва ба он нигоҳи бефарқ доранд, ба ҷуз чанд шабакаи телевизионии ирониёни Амрико. Дар Русия рўзи эҳё шудани Исо дар яке аз рўзҳои якшанбеи фасли баҳор, таҷлил карда мешавад, ки пасха ном дорад. Муборакбодии русҳо якдигарро дар ин рўз табриккунии идҳои моро ба хотир меорад. Чи хеле ки дар мо мегўянд:
Иди нав муборак ё алиф шариф муборак! Ва шунаванда ҷавоб бояд диҳад: - Худо муборак! Дар Русҳо Табриккунанда мегўяд: - Исус Христос воскрес! (Исои Масеҳ зинда шуд!) Шунаванда бояд ҷавоб диҳад: - Во истину воскрес! (Дар ҳақиқат, зинда шуд!). Агар касе ҷавоб надиҳад, мегўянд: - он неверующий. Ва чунинҳо хеле зиёданд. Вожаи воскресение низ аз воскрес, яъне, зиндашавии Исо гирифта шудааст.
Яъне, рўзи истироҳати мо мусулмонон дар ҷашни динии ҳарҳафтаинаи русҳо афтидааст, ки амри воқеияти ғолиб аст. Оё вақти он нарасида, ки рўзи истироҳати хешро бар урфу одат ва фарҳанги аҷдодӣ, яъне рўзи одина ё ҷумъа марсум бандем?
Зикри Исои Масеҳ дар ашъори шуаро Ҳазрати Исои Масеҳ дар ашъори шоирони классик хеле зиёд ба чашм мерасад, ки тадқиқоти алоҳидаро хостор аст. Дар байни халқи тоҷик қиссаи султон Ҷамҷама ва наъти «Каллаи пўсида» машҳур аст, ки онро марҳум Одинаи Ҳошим басо пуралам мехонд:
Ҳам ба фармони Худованди ҷаҳон, Дар сухан калла биёмад он замон.
Гуфт: ё Исо, манам марди куҳан, Шаммае ту гўш кун аз ҳоли ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё