33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ба озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илму техника", ки дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гашта буд, рафтем. Ҳамроҳи мо як донишҷӯдухтар аз ноҳияи Кӯлоб ҳам буд. E бо либоси миллии тоҷикӣ ба Самарқанд омада буд. Ҳангоме ки мо ёдгориҳои шаҳри бостониро тамошо мекардем, ҳис кардем, ки одамон ба либосҳои ин духтар диққати зиёд медиҳанд. Як донишҷӯдухтари самарқандӣ ҳатто аз ӯ пурсид, ки: - Чаро бо ин либосҳоят ба шаҳр омадӣ? Мо аз ин суол ҳайрон шуда, ба духтарону занони дар гирду атрофи сайркунанда диққат додем. Воқеан, ҳама либоси аврупоӣ, аниқтараш курта, юбка доштанд.
Баъдтар духтараки самарқандӣ ба духтари кӯлобӣ фаҳмондааст:
"дар шаҳр поҷома намепӯшанд. Мо ҳам аз қишлоқҳои гирду атроф бо поҷома омада, дар роҳ поҷомаҳоямонро кашида, ба борхалтаҳо меандозем. Дар шаҳр почома пӯшидан айб аст. Дар шаҳри якчашма рафтӣ, як чашматро кӯр гир. Дар Бухоро ҳам ин кор кайҳо расм шудагӣ". Дареғо, Самарқанде, ки дар васфаш:
Самарқанд сайқали рӯи замин аст, Бухоро маркази имону дин аст!
«Дар Арабистон Маккаву Мадина, дар Мовароуннаҳр Самарқанду Бухоро» мегуфтанд, ба чӣ ҳол афтода.
Вақте духтари кӯлобӣ инро ба мо нақл кард, мо ӯро тасаллӣ додем, ки "ту фахр кун, ки либоси миллии аҷдодиятро напартофтаӣ".
Воқеан, он духтар то охир бо либоси миллӣ буд ва ҳатто дар озмун сазовори ҷои аввал гашт. Аҷиб, ки духтаракони самарқандӣ бо фахр дар бораи либоси аврупоӣ гап мезаданд. Ифтихорро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад, яке, ҳатто шаҳре либоси миллиро айб мешуморад, дигаре танҳо аз он ифтихор дорад. Пас кӣ гумроҳ аст? Худ қазоват кунед!
Ташвиши асосӣ дар либоспӯшии занон аст, бале занон, чунки онҳо эътидолро риоя намекунанд, мардон ҳеҷ гоҳ бадани худро дар ҷои ҷамъиятӣ бараҳна намекунанд. Агар марде ҳатто бо либоси варзишӣ дар ҷои ҷамъиятӣ пайдо шавад, ҳама ӯро сарзаниш мекунад.
Вале занон озодона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, телевизион, саҳнаи рақсу ҳофизӣ бо нофҳои бараҳна (мебахшед!), юбкаи дарида (разрез) то рон намоён баромад мекунанд. Ин чӣ гуна либоспӯшист? Духтари тоҷик ин навъ либос пӯшиданро аз кӣ омӯхтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё