Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бовар кунед, ҳатто русҳо чунин либос намепӯшанд. Наход, мо ба либоси дискоклубу дискотекаҳои ғарбӣ, кинофилмҳои фаҳши онҳо тақлид кунем?! Аз мақолае хондам, ки марди ғарбӣ дар оилаи худ доим ин масъаларо байни зану духтаронаш мегузорад, норизоӣ мекунад. Яъне мо он чиро тақлид мекунем, ки ғарбиён аз он худ безоранд, дигар роҳи халосӣ аз онро намеёбанд. Моделерҳо намоиши бараҳнагӣ ташкил мекунанд, на намоиши либосро. Либос, пӯшок вазифаи аслии худ – пӯшонидани баданро аз даст додааст.
Дар ин мақола мо бештар ба либоси занон дахл кардем, на ба либоси мардон. Зеро мушкилот дар либоси занон аст. Зеро зан номуси мост, занон модарони мо, хоҳарону фарзандони моянд. Занон таҳриккунандаи имон ба сӯи нестӣ ва эҳё ҳастанд.
Боварӣ дорам, агар аз сад нафар ҷавонписар пурсанд, ки ҳамсари ояндаи худро дар чӣ гуна либос дидан мехоҳӣ? Боварӣ дорам, аз 97%- и онҳо ҷавоби ягона мешунавем: Либосе, ки ифодагари шарму иффати занон ва либоси миллӣ бошад. Кам андар каманд, ё нестанд ҷавононе, ки оилаи худро нимбараҳна бо либоси аврупоӣ дидан хоҳанд.
Ҳар мард масъул аст, ки зани худ, духтару хоҳари худро, пеш аз он ки ба мактаб, ба бозор ё ба кор мефиристад, ё аз бозор баҳри ӯ либос мехарад, ду масъала: либос ва бараҳнагиро пеш худ гузорад, ӯ кадомеро интихоб кардааст.
Воқеан, кулли ҳаёти мо ду роҳ аст, роҳи дуруст ва нодуруст. Ҳар шахс худ қазоват кунад, ки кадом роҳ роҳи ӯст. Ва ин роҳ то ба куҷо мебарад!
«Тоҷикистон»\6.03.2006.
Сарлуч дашном аст

Ёд дорам мўсафедони деҳ нисбати ашхоси бетарбия ва беадаб ибораи «сағераи сарлучу пойлуч»-ро бо нафрат истифода мекарданд.
Онҳо бо афсўси зиёд мегуфтанд, ки ин мактаби советӣ бачаҳои моро сарлуч кард. Бале, онҳо танҳо бачаҳоро дар назар доштанд, зеро он солҳо духтарони сарлуч қариб, ки набуданд.

Вазорат тарафдор, вале сарварони макотиб…
Баъди шинос шудан ба дастуруламали Вазорати маориф дар бораи либоси талабаҳои мактаб хушнуд шудем, ки рўймол пўшидан дар мактаб иҷозат дода шудааст. Вале суоле матраҳ мегардад, ки агар Вазорат иҷозати рўймол пўшидан дода бошад, пас директорони мактаб ва муаллимони дигар амри киро иҷро карда, пўшидани рўймолро дар мактаб манъ мекунанд?

пешина
аз 161
навбатӣ