33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Мўъҷизаи паямбарии Исо (а) – шифобахшӣ ва мурдаро эҳё кардан дар байни тоҷикон маъруф аст. Шоирон низ онро ба килки тасвир кашидаанд. «Исо ба раҳе дид яке кушта фитода» - гуфтани Рўдакӣ бесабаб нест, зеро маҳз Исои Масеҳ қудрати гуфтор бо мурда ва зинда гардонидани мурдаро бо амри Худо дар миёни паямбарон дошт. Ё Ҳофизи лисонулғайб шифобахшии нафаси Масеҳро аз файзи Рўҳи муқаддас медонад:
Файзи Рўҳулқудус ар боз мадад фармояд, Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо мекард.
Ё Ҳилолӣ фармуда:
Сухани хуш ҳаёти ҷону тан аст,
Дами Исо гувоҳи ин сухан аст.
«Тақвими Ҷалолӣ»-и Хайём дар куҷост?
Дар бораи илми нуҷумро хуб донистану расадхона доштани Умари Хайём бисёр шунидаву хондаем. Низ асари ба Маликшоҳи Ҷалолӣ бахшидаи ў бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» басо таҳсин арзёбӣ шуда, то дараҷае ки «Тақвими Ҷалолии Умари Хайём аз календари григориянӣ дақиқтар аст». Яъне ин дар китобҳо аст дар воқеият нест.
Чизе ки дар воқеият нест мисли афсона ё худтаърифкунӣ ба чашм мерасад. Оё вақти он нарасидааст, ки «Тақвими Ҷалоли»-и Умари Хайёмро кофта, ёфта, омўхта ва дар амал ҷорӣ намоем. Он агар бошад ва агар ҳаст пас дар куҷост?
Чун дар Тоҷикистони азиз имрўз ин ид дар сатҳи давлатӣ расман таҷлил карда мешавад ва қонуни ҷорӣ ин идро дар қатори идҳои дигар рўзи истироҳат эълон доштааст ва то даме, ки бо календари григориянӣ, ҳар рўзи моро ном мебаранд, то даме, ки рўзи таваллуду мурдани моро бо он ҳисоб мекунанд, воқеият ғолиб аст ва мо ин идро ҷашн хоҳем гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки Исо паямбари барҳақи мост. Ва набояд ба думболаи таассуби христианҳо равем, ки паёмбари моро напазируфтаву гумроҳ шудаанд. Баракс, мо, ки ба ҷумла пайғамбарони Худо эмон овардаем, бояд мавлуди Исоро низ таҷлил гирем ва ин аст силоҳи пурқудрати мо бар зиддии ғояҳои адувонаи масеҳияти имрўза, ки пеши он худи ишон лол мондаву таслим шудаанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мусалмононро душмани Мавлуди Исо эълом доранд. Ва дурўғ аст, ин ки дар даврони баландахтарии Ислом Соли Нави масеҳиро намедонистанд ва ё пазиро набудаанд. Бобо Тоҳири Урён, парчамбардори тасаввуфия, ки дар соли 1000 мелодӣ (!) таваллуд шудааст, мегўяд:
Ман он баҳрам, ки дар зарф омадастам, Чу нуқта бар сари алф омадастам.
Ба ҳар алфе алифқадде барояд,
Алифқаддам, ки дар алф омадастам!
Алф ба маъно 1000 аст ва алифқадд ба маънии нобиға…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё