33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Маҳорати довар дар ин ҷо аён намешавад. Ҳақ будани довар маҳз дар мусовӣ будани қувваи ҳар ду тараф аён мегардад. Ана дар ҳамин маврид довар бояд мўйро аз хамир ҷудо намояд, яъне ба истилоҳ фаъолро аз камфаъол беғаразона бояд ҷудо намояд. Аммо мутаассифона, доварон аз ҷумлаи мураббиёни толорҳои варзишӣ интихоб мешаванд ё ин ки шогирди ҳаминҳоянд. Барои ҳамин тарафгириҳо мушоҳида мешавад. Маҳз ҳамин далел ноҳақиҳоро дар амрҳои доварон ба вуҷуд овардааст.
Ту аз зали куҷо?
Иллати дигар он аст, ки толорҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба ноҳияҳо тақсим шуда, сабаби ба миён омадани маҳалгароӣ гаштаанд.
Довар низ мутаассифона ба ин иллат гирифтор аст ё бетафовут нест.
Дар натиҷа гўштингири бесоҳиб қурбони ин иллат гашта, зарари маънавӣ мебинад ва аз варзиш дилмонда мешавад.
Ба ин микромаҳалгароён гуфтанием, ки ҷаҳонпаҳлавон Саидмўъмин Раҳимов (р) на аз номи як маҳал, балки аз номи тамоми Тоҷикистон баромад намуда буд. Расул Боқиев низ дар Олимпиада шарафи на як маҳал, балки Тоҷикистони азизамонро боло бурд.
Ёдоварӣ аз ин шахсиятҳои воқеан бузург теша ба решаи маҳалгароӣ хоҳад зад. Аз ин рў хоҳиш доштем, ки залҳои варзишӣ ба кўлобиву ванҷиву ғармӣ ҷудо нашаванд (дастаҳои футбол низ набояд номи маҳалро дошта бошанд. Ин айб аст!).
Дар ҷумҳурии мо барои шинохти варзиш мактаби доварӣ бояд таъсис ёбад. Мо бояд дар сатҳи байналмилалӣ довар дошта бошем, то манфиатҳои хешро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз карда тавонем. Агар довар аз тангии майдамаҳалчигӣ берун набаромада бошад, пас ў чӣ гуна довари байналмилалӣ мешавад!? Доварӣ ин футувват аст, ба он хиёнат раво нест.
Дупаспортӣ дар варзиш
Иллати дигари басо нангин ва ноҷавонмардона, ки ин хоси миллати мо набуд ва нест, ду шиноснома доштани гўштингирон мебошад. Яъне, дар як шиноснома таваллудаш 1988, дар дигараш 1993.
Дуюмаш шиноснома неву шаҳодатнома мебошад, «зеро ҳоло ба паспортгирӣ синнаш нарасидааст». Ҳатто баъзан се шаҳодатнома низ меёбанд. Гап сари ҳиллаҳое меравад, ки пеш аз ба майдон баромадан сурат мегиранд.
Тасаввур кунед, писари шумо таваллудаш соли 1993 (ҷавон) ба майдон мебарояд. Дар муқобили вай як ҷавонмарди ба ибораи халқӣ зану кўдакдор мебарояд. Вазнаш дуруст, шаҳодатномааш ҳам дуруст барин, вале устухонаш расидагӣ. Ин «полвон» шаҳодатномаи бародари хурдияшро гирифта омадааст, ё бо роҳе шаҳодатномаи дигар сохтааст, то бо фиреб соҳиби обрў ва медал шавад. Ин бевиҷдон бо маслиҳати мураббии аз худаш бевиҷдонтар ба майдон омадааст, то ки миёни писарбачаи навхатеро шиканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё