33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар Қуръоне, ки ҳадяи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аст, аксари авқоф шарҳ дода шудааст.
Муҳимаш он аст, ки дар ин фасл вақфи ломалиф бо як ибора «вақфи мамнўъ», яъне ист накунед, шарҳ ёфтааст.
Низоъ байни кўҳнамулоҳо ва навбаромадҳо Хоҳ бовар кунед, хоҳ не ин ҳақиқат аст. Аввали соли 90-ум баъзе мулобачаҳои таълимгирифтаи мактабҳои хориҷӣ, махсусан, мактаби имрўзаи Арабистони Саудӣ дар маъракаҳо ба тарзи нав хондани Қуръонро сар карданд, ки ин норизоии муллоҳо ва махсусан онҳое, ки таълими маҳаллиро гирифта буданд, пайдо намуд. Аз ин тарзи қироат ҳатто он солҳо баъзе хатмкардаҳои мадрасҳои Бухоро, ки ҳоло зинда буданд, норизоӣ мекарданд. Чунончи: «дар сураи Мулк барои чӣ аввалҳо «қадируниллази» мехонданду ҳоло бошад, ин мулобачаҳои навбаромад «қадир, баъд ист карда, Аллази» мехонанд?». Ё «чаро пештар «ханосиллази» мехонданду ҳол «ханос. Аллази» мехонанд?» ва ғайра. Чунин ист карданҳои бемаврид дар саросари сураҳо мушоҳида мешуд, ки муллоҳои маҳаллиро бар зидди муллоҳои навбаромад шўронд. Иқрор бояд шуд, ки як сабаби асосии низоъи байни муллоҳо ана ҳамин вақфи ломалиф ва риоя накардану дар натиҷа ба дигар навъ хондани сураҳо гардид. Ин ҳодиса нақшаи тарҳрезишудаеро мемонд, ки дар паҳлуи сабабҳои ба ҳамагон маълум ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехт. Оҳиста – оҳиста сафи чунин ҷавонони ба тарзи нав хондан зиёд шуд ва мардум ҳам ба ин навхониҳо одат кардан гирифтанд. Бисёр боиси таассуф аст,ки имрўзҳо ба таври бобоӣ хондани сураҳо ё умуман аз байн рафта истодаанд, ё аҳён – аҳён ба чашм мехўранд. Гарчанде ин тарзи хонишро навхонҳо оммиёна ва бесаводона ҳукм кунанд ҳам он аз нуқтаи назари таълимоти мадориси Бухорои Шариф дурусту беғалат мебошад.
Агар филмҳои «Марги судхўр», «Восеъ» ва он филмҳое, ки замони шўравӣ сабт шудаанд, тамошо карда шаванд, баъзан сабти сураҳои Қуръон ва тарзи қироати қориёни Бухорои Шариф ба гўш мерасад. Агар бо диққат гўш кунед, мушоҳида мекунед, ки вақфи ломалиф дар онҳо пурра риоя мешавад.
Чун бо пешниҳоди Президенти мамлакат соли 2009 соли фарзанди фарзонаи тоҷик Эмоми Аъзам Абуҳанифа Нўъмон бини Собит таҷлил карда мешавад, боястӣ ки як рукн аз қироати суннатию волои уламои «сайқали рўи замин» ва «маркази имону дин», яъне Самарқанду Бухоро, эҳё гардад. Васаллом.
«СССР»\11.12. 2008
Аз рамазон то рамазон
Моҳи рамазон омад аз сўи Биҳишт, Овард ба машоми мўъминон бўи Биҳишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё