Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар кас, ки надорад рўзаи моҳи шариф,
Не бўи Биҳишт ёбаду рўи Биҳишт.

Ҳафтаномаи дўстдоштаи мо СССР аз моҳи шарифи рамазон кори худро оғоз намуд. Ин тифли яксола зодаи ин моҳи бузург аст. Аз ин рў дар ин арафаи солгарди нашрия аҳли эҷоди онро, ки воқеан тавонистанд дар як сол чун рўзномаи мардумӣ, ифодагари армонҳои мардуми ватандўсту миллатпарвар дар баробари дигар рўзномаҳо қомат рост кунанд, имону амону тандурустӣ хоҳонам.
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд, ки агар шумо фазилатҳои ин моҳи шарифро медонистед, дуо мекардед, ки ҳама сол рамазон бошад.
Бале, ин моҳи шариф чун моҳи покизагии на танҳо рўҳонӣ, балки ҷисмонӣ низ мебошад. Тасаввур кунед, тамоми сол бо шиками пур аз ғизо дар ранҷу азоб ва омоси пурхўрӣ умр ба сар мебарем. Бузурге гуфтааст, кам хўрдӣ, шаҳбозӣ, пур хўрдӣ, омосӣ. Вале як бор андеша кунем, ки ин сутуни ислом – рўза чӣ қадар аҳамияти калонро молик мебошад. Тиб имрўз исбот намудааст, ки 70 – 80 % бемориҳо аз ҳисоби пурхўрӣ мебошанд. Шайх Саъдӣ мефармояд:
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ў нури маърифат бинӣ.
Воқеан, шайхон бар инанд, ки барои ба мақсуд расидан ва қурбатуллоҳ маҳз покизагии рўҳиву ҷисмонӣ муҳим аст. Ана барои чӣ дигар даму нафаси муллоҳои мо намебурад, чаро даму нафаси онҳо шифобахш нест. Чӣ гуна мешавад, шикам пур аз наҷасу рўҳ дар хатари ғизои барзиёд, боз талаби нафаси тоза кардан. Ин ду чиз ба ҳам наёмезад ва аз ҳам фарсахҳо дуранд. Рамазон моҳест, ки дар он имонедор аз беимон маълум мешавад. Бале асоси рўзадорӣ имондорист. Беимон дар рўзҳои кўтоҳи зимистон ҳатто рўза намегирад. Бале маҳз имон аст, ки шахсро маҷбур мекунад, 16-18 соат дар гармои тобистон нахўраду наошомад. Имони шахс дар рамазон фаҳмида мешавад.
Дар ин як сол чӣ тағйироте дар ҳаёти мардум шуд? Чӣ қадар савдогар ба салоҳ омад? Чанд нафар миллионерҳои мо ба додани закот яке аз рукнҳои ислом розӣ шудан? Ва умуман нақши ВАО дар ислоҳи ин камбуд чӣ андоза аст? Ин суолҳоест, ки ҳар рамазон дар ВАО рўи коғаз меоянд. Доим дар саҳифаи аввали рўзномаҳост, ки чаро савдогарон маҳз дар моҳи шариф ду маротиба нархро боло мебардоранд: як бор дар аввали он дуюм бор пеш аз Ид. Зеро медонанд, ки дар ин ду маврид мардум бештар ба маводи хўрока ниёз доранд. Ва ҳам таъкид мекунем, ки дар мамолики исломӣ савдогарон кўшиш мекунанд ба хотири савоби ин моҳи бузург, ки як савоби он даҳ ва як ракаат намози он ҳафтод ракаат ҳисобида мешавад, нархро арзон кунанд ва як кори савоб бештар кунанд.

пешина
аз 161
навбатӣ