Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мардуми минтақаи Кўлоб шакли кушоданро иваз карда, рўзашукоӣ мегўянд.
Раҳматии модарам тараддуд медид, ки ин моҳ ҳама ҳаққу ҳамсояҳо дар хонаи мо ҷамъ меоянд ва дар ҷогаҳи калон (кастрюл) шарбати зардолу ё олуча барои рўзадорон тайёр мекард. Хўрок мепўхт тарбузу харбуза меовард. Албатта, ҳамаи ин дар тобистон, тахмин солҳои 1980 буд. Намозхонон хурду бузург хело зиёд буданд, ки саҳни ҳавлӣ пур мешуд. Ба мо махсусан овози тасбеҳхон, ки «субҳона зилмулки валмалакут» мехонд, ниҳоят маъқул буд, бачаҳо барои шунидани тасбеҳи таровеҳ дар гирди хонаи мо парвона буданд. Аҷаб шаҳомате дошт он замонҳо ҳавлии мо. Баъди ҳафтаи якум гаштак сар мешуд, яъне ҳар кас бонавбат намозхононро ба ифтор даъват мекард.
Ёд дорам, як шаб чӣ гуна, аз органҳои дахлдор, ки барои тафтиши таробеҳхонон омада буданд ва мо бачаҳои мактабхон тавассути ҷуйбори хушкидаи қишлоқ гурехта халос шуда будем. Хулоса, моҳи ҷамъшавии одамон, моҳи дўстиву баҳамоӣ ва ниҳоят моҳи махсус буд рамазон. Ҳамин махсусияташ аст, ки ҳар моҳ мегўем: Ин моҳ моҳи мост.
Ҳар бандаи мўъмин бояд моҳи рамазонро эҳтиром кунад. Ҳикоят аст, ки шахсе яҳудии ҳамсояашро, ки аз дунё гузашта буд, дар хоб дид, ки дар ҷаннат сайр дорад. Пурсид, ки ин мартабат аз куҷо ёфтӣ? Гуфт:

  • боре дар бозор писарамро, ки дар назди рўзадорон дар моҳи шарифи рамазон чизе мехўрд, сарзаниш кардам, ки чаро дар назди рўзадорон хўрок мехўрӣ, чун инон ҳама рўзадоранд. Бо ин сухан ин мартабатро ёфтам.
    Аз ин нуқтаи назар он шахсоне, ки бо узру ё бе узр рўза мехўранд, бояд, ки ин тановулро ба намоиши дигарон нагузоранд. То аққалан худ рўза нагиранд, ҳам эҳтироми рўзадоронро ба ҷо оварда бошанд.
    Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,
    Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун.

Замони рўза
Ҳадиси расулуллоҳ (с) аст, ки ҳилолро дидед, рўза гиред, ҳилолро дидед, ифтор кунед (аз китоби «Шарҳи қадурӣ»). Ҳилол моҳи нав ё серўза аст, ки намози шом дар осмони мағриб ва саҳаргоҳон дар осмони машриқ намудор аст. Яъне саҳарӣ дидани охири моҳи шаъбон аввали рўза ва бегоҳӣ дидани аввали моҳи шаввол ид аст. Албатта, ҳоло илми астрономия он қадар тараққӣ карда ва пеш рафтааст, ки аз рўи сония муайян мекунанд, ки моҳи нав (ё новолуние) кай даромадааст. Аммо барои онҳое, ки дар дашту саҳро дур аз шаҳрҳо зиндагӣ ё кор мекунанд, ҳадиси боло беҳтарин далели муайян намудани вақти даромаду баромади моҳи шариф аст.
Вақти рўзакушоӣ Вақти кушодани рўза ё ифтор намози шом аст.

пешина
аз 161
навбатӣ