33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Намози шом бошад, дар китоби «Мухтасарул виқоя…» чунин шарҳ ёфтааст:
«вақтул мағриби минал ғуруби илалғайбати шафақи». Яъне вақти шом аз ғуруб ё нишастани офтоб аст, то гум шудани шафақ. Азбаски минтақаи мо кўҳистон аст, ғурубро на аз сари кўҳ, балки дертар ба ҳисоб гирем, хубтар аст. Шафақ бошад, ба қавле сурхиест, ки баъди нишастани офтоб боқӣ мемонад. Шахсоне, ки панҷ дақиқа то фаро расидани шом бетоқатӣ мекунанд ва муаззинро саросема мекунанд, бояд ин нуктаро ба ҳисоб гиранд. Муаззин низ бояд вақтшинос бошад, зеро шинохтани вақт фарз аст.
Рамазонро ба се даҳа ҷудо кардаанд. Даҳаи аввал даҳаи раҳмат, даҳаи дуввум даҳаи мағфират ва даҳаи саввум даҳаи раҳоӣ аз оташи дўзах аст.
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд, ки ҳар ки рамазонро аз рўи имону ихлос бигирад, ҳамаи гуноҳонаш бахшида мешавад.
Даҳаи аввал – даҳаи раҳмат
Раҳмат маънии бахшишро дошта, бо вожаҳои раҳмону раҳим ҳамреша аст ва ҳамагӣ маънии бахшандаро доранд. Бахшидан ду маъниро дорост: бахшидани гуноҳ ва бахшидани неъмат. Воқеан, Худованди Раҳмону Раҳим бахшандаи гуноҳони банда ва атокунандаи рўзӣ ва дигар аз неъматҳо мебошад.
Ҷангу ҷидол манъ аст!
Дар моҳи шарифи рамазон, ки аз моҳони хоса мебошад, мўъминон бо якдигар бояд кина наварзанд. Ва умуман ҷангу хунрезӣ дар ин моҳ ҳаром эълон шудааст. Мўъминон бояд бо якдигар дар ин моҳ сулҳу дўстӣ кунанд ва кинаву ҳасадро як тараф бигузоранд. Риояи ин талабот худ эҳтироми ин моҳ аст. Зеро маънии савм худдорӣ кардан аст. Дар шариат савм ба маънии худдорӣ кардан аст аз хўрдану нўшидан ва ҷимоъ кардан. Доштани рўза худ ҳтироми ин моҳ аст.
Эҳтиром ва пос доштани ин моҳ танҳо дур будан аз хўрдану нўшидан ва тарки ҷимоъ набуда, инчунин нигоҳ доштани забон аз дашному ҳақорат ва ғайбат мебошад.
Баъзеҳо носу сигор мекашем, гуфта, бегоҳиҳо мисли занбўр гизала ва дар қаҳр мешаванд. Ҷову ноҷо одамонро меранҷонанд. Бо ин корашон нишон медиҳанд, ки рўзадоранд. Ба ин гурўҳ гуфтанием, ки бо ин хашму ғазаб онҳо худро аз аҷру савоби рўза маҳрум мегардонанд. Чун мулоиматӣ, аҳлӣ ва ҳалимӣ нишонаи мусалмони оқилу хирадманд аст ва қаҳру ғазабу гизалагӣ нишонаи шахси ҷоҳилу бехирад.
Кӣ аз рўза озод аст?
Шахсони мариз, ки рўза ба саломатии онҳо зарар дорад, аз рўза озод ҳастанд. Чун шифо ёфтанд, онро қазо медоранд. Инчунин заноне, ки дар ҳайзу нифосанд ва шахсони мусофир аз гирифтани рўза озоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё