Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди фориғ шудан, қазо медоранд рўзаро. Агар мусофир имкони рўза гирифтан дошта бошад, бигирад, беҳтар аст. Заноне, ки тифли ширхора доранд, агар ба саломатии тифл зараре ҳис шавад, рўзаро бихўранд, иҷозат аст.
Мўсафедони пир, ки ба истилоҳ онҳоро «шайхони фонӣ»
номидаанд, ки на дар рамазон ва на берун аз рамазон тавони рўза гирифтан надоранд, аз рўза гирифтан озоданд. Вале ба ивази он бояд фидя бидиҳанд. Яъне ҳар рўз як мискинро таом бидиҳанд.
Ба хотири санҷидани маззаи таом ба ошпазу таббохон иҷозат дода шудааст, ки маззаи таомро чашанд ва рўзаи онҳо намешиканад.
Моҳи шарифи рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, ки ба ин оятҳои 183 то 187-и сураи Бақара шаҳодат медиҳанд. «Шаҳру рамазоналлази унзила фиҳил Қуръону ҳудан линноси ва байинотин минал ҳудо вал фурқон». Тарҷума: «Моҳи рамазон моҳест, ки фуруд оварда шуд дар он Қуръонро раҳнамо барои мардумон ва суханони рўшан аз ҳидоят ва аз ҷудо кардани ҳаққу ботил».
Аз ин рў дар ин моҳи шариф агар шахс тавонад се бор хатми Қуръон кунад, агар натавонад як бор хатми Қуръон кунад, савоби даҳчанд меёбад.
Моҳи рамазон бар ту муборак бошад!
Ҳамроҳи ту Ёсину Таборак бошад!
«СССР»\ 20.08.2009

Авсатуҳо мағфиратун…

Андар баёни фарри имон
Моҳи шарифи рамазон даҳ рўзаш гузашт. Шукри Худованди бузург, ки ба мо имон ато карда. Чун имон дорем, чӣ ғам дорем. Ба қавли ҳазрати Алӣ (раз.) «Бузургтарин ифтихор имон аст». Имон сармояи мост, имон бойгарии мост, имон нурест, ки дар ҷабини соҳибимон ҳувайдост. Фарри имон аз дуродур аён аст.
Ҳатто русҳо муллоҳои русиро аз чеҳраашон фарқ мегузоранд. «У него лицо как священника». Адиби ғарбие гуфта буд: «Чтобы увидет нимбу нужен третий глаз». (Барои он ки фарро бинем, чашми сеюм даркор аст). Ба фикри мо чашми сеюм рамзӣ буда, маҳз фаросати худодод дар назар аст.
Фирдавсӣ ва фарр
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тусӣ ба масъалаи фарри эзадӣ ва фарри шоҳаншаҳӣ диққати махсус дода шудааст.
Чу Шеда бидидаш бару бурзи шоҳ, Ҳамон Эзадӣ фарру он дастгоҳ(ҷ.5,саҳ.269).
Холиқи лам язал хамаи инро халқ кардааст:

пешина
аз 161
навбатӣ