33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Рўдакӣ
Гўянд, ки май махўр ба шаъбон на равост,
На низ ба раҷаб, ки он маҳи хоси Худост.
Шаъбону раҷаб маҳи Худоянду расул,
Мо май рамазон хўрем, ки он хосаи мост.
Хайём
Шаби қадр асту тай шуд номаи ҳаҷр,
Саломун ҳия ҳатто матлаил фаҷр.
Ҳофиз
Бароти лайлатулқадре ба дастам,
Расид аз толеи бедорам имшаб.
Ҳофиз
Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.
Ҳофиз
Моҳи рамазон омад аз сўи Биҳишт,
Омад ба машоми мўъминон бўи Биҳишт.
Ҳар кас, ки надорад рўзаи моҳи шариф,
Не бўи Биҳишт ёбаду рўи Биҳишт.
З-он бода, ки дар мастабаи ишқ фурўшанд,
Моро ду-се соғар бидеҳу гў рамазон бош!
Шайтон ҳама тадбираш в-он ҳиллаву тазвираш,
Бишкаст ҳама тираш пеши сипари рўза.
Ба рўзадор наояд зи об ҷуз бонге,
Вале оқибат он бонг ҳам расад ба амал,
Самоъ шарфаи об асту ташнагон дар рақс,
Ҳаёт ёбӣ аз ин бонги об ақал ақал.
Мавлоно
Фарҳанги имондорӣ ё имондории фарҳангӣ Иди рамазон омаду моҳи рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!
Боз қиматӣ – боз қиматӣ!
Чунин гумон меравад, ки чи қадаре ки дар рўзномаву телевизион ва дигар ВАО дар бораи қиматӣ пеш аз ду ид нанависанду нагўянд, фоидае надорад. Зеро дирўз ба бозор даромадаму дилам аз нарху навои қанду шириниҳо ва мағзу чағз – чизе, ки агар онро болои дастурхон наорем, айб ҳисобида мешавад, сард гашт. Албатта, набудану айб шуданҳо ин дар тасаввури мо аст. Аҷаб расму одатҳое, ки мо надорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё