33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Мағзу чағз - напрокат
Як дўстам нақл кард, ки дар ин ду рўзи ид қариб, ки одамон ҳамин мағзу чағзро истеъмол намекунанд. Вале шармшикан бояд дар болои хон бошад. Аз ин рў баъзеҳо аз бозор мағзу чағзро муваққат - напрокат мегиранд, се рўзи ид болои дастурхон мегузоранд. Баъди се рўз мағзу чағзро ба савдогар бармегардонанд. Агар кам шуда бошад, фарқияташро мепардозанд. Ана ҳамин хел ба ҷои дусад - сесад доллар дусад - сесад сомонӣ харҷ мекунанд, халос. Албатта, ин роҳи ҳалли масъала нест ва роҳи ҳалли масъала панду насиҳати савдогарони бебок низ нест. Зеро онҳо зери дил ин мисраъҳоро мехонанд:
Маро шўру ҷунун аз панди носеҳ кам намегардад, Чӣ имкон аст роҳи шўъла бандад мушти хошоке?
(Фонӣ)
Аммо ба он муаллифоне, ки доим ба ин масъалаи муҳими ҳаёти мардуми мо дахл мекунанд, гуфтанием, ки рўҳафтода нашаванд, зеро онҳо кори савоб кардаанд ва дар номаи аъмоли худ амали некеро сабт намудаанд. Зеро ба такрор гуфтани амали савоб аҷри дучанд дорад.
Ҳар рўз ид бошад, қиматӣ намешавад!
Агар ҳамин мардум тавонгару давлатманд бошад ва доим дастурхонаш пур аз нозу неъмат бошад, яъне на танҳо дар рўзи ид ба ҷустуҷўи мағзу чағз барояд, балки доим фикр кунад, ки ў меҳмондор аст ва ҳар рўз барои ў ид аст, нархбардориҳои сунъӣ худ аз байн хоҳад рафт. Иллат боз ҳамин нодорӣ аст, ки мо танҳо барои тайёрии рўзи ид рў ба бозор меорем ва тоҷири доим дар бозор камхаридори бекорнишаста ва ҳариси харидор низ аз ин фурсати қулай истифода бурда, нархҳоро боло мебарад. Агар дар тасаввури худ ҳар рўзро ид эълон кунем ва фурўшанда низ донад, ки доим маҳсулоташ бозоргир аст (на танҳо дар ду мавсим), қаҳтӣ дар тафаккури мо аз байн хоҳад рафт. Яъне барои паст кардани қиматӣ қаҳтиро аз тафаккур дур бояд андохт, зеро наҳсии бозор аз қаҳтии харидор аст, на аз нобуди маҳсулот.
Ид аз вожаи арабӣ ё решаи «ъавд» гирифта шуда, маънояш боз, аз сари нав баргаштан аст. Яъне ин беҳикмат нест ва он ҳар сол меояд, аз ин рў батакрор омадани он ва доим – доим боло рафтани нарх на ба фоидаи харидор асту на ба фоидаи фурўшанда. Зеро дар маҷмўъ фурўшандагон ба маводе низ ниёз доранд, ки дар дўкон надоранд. Ва онро аз ҷои дигар бояд бихаранд. Ба ҳамин тариқ, аз болоравии нарх ҳама табақаи аҳолӣ зарар хоҳанд дид. Ин савдогарони беҳуҷҷат ду суми пешашонро дида, фикр намекунанд, ки чӣ қадар ба зарари худу ҳамватанаш кор карда истодаанд. Эй савдогарони наздикбин, танҳо пешатонро набинед, чашми дилро кушоеду фаротар назар дўзед!
Дар зеҳни мардум ид ифодагари хурсандию нишот аст. Аммо дар чунин рўзи саид баъзеҳо аз нодорӣ ва нарху навои бозор маҳзунанд ва ба ақидаи Ҷонибеки Асрориён «банди дилашон меларзад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё