33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Эҳтиёт бошед, эй савдогарони манфиатҷў, ки чунин як рўзи хурсандиро барои бародари мусалмони худ чун рўзи тарсу ғам мубаддал сохтаед!!! Ва худо шуморо биёмурзад.
Имон ба Худо ва расулону китобҳои Ў Ба фикри мо роҳи ҳалли масъалаи пешгирии қиматӣ ин баланд бардоштани фарҳанги имондории мо мебошад. Бовар кунед, то савдогар пурра ба он чи ки номаш намоз асту рўзаву закот асту хайру садақа аст, сарфаҳм наравад ва то мафҳуми имонро дар вуҷуди худ дарк накунад, нарху наво арзон намешавад, ки намешавад. Ва имон чист? – имон боварӣ аст. Боварӣ ба Худои яккаву ягона, ба Худои Одам, Худои Нўҳ, Мусо, Иброҳим, Яъқуб, Сулаймон, Довуд, Исо ва Муҳаммад (салавот бар ҳамаашон!). Боварӣ бар Тавроти Мусо, Инҷили Исо, Забури Довуд ва Қуръон. Боварӣ ба марг, азоби қабр, ба биҳишту дўзах, ба зинда гардонидани баъд аз миронидан, яъне рўзи қиёмат, боварӣ ба тақдири некӣ ва бадӣ... Имон ду тараф дорад, гуфтан ба забон ва тасдиқ кардан ба дил. Амал низ асоси имондорист.
Намозу рўза нишонаи мўъмин аст. Амали хайру савоб кардан, аз гуноҳ дур будан, фиреб накардан, дурўғ нагуфтан, дашном накардан нишонаи мусалмонист. Ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва мусалмониянд.
Садақаи фитр
Садақаи фитр садақаи моҳи шарифи рамазон аст. Онро шўрои уламои ҷумҳурӣ якуним сомонӣ муайян кардааст ва он ба сари ҳар аъзои хонавода дода мешавад. Яъне, агар аъзои хонавода аз даҳ нафар иборат бошад, 15 сомонӣ додан лозим меояд. Садақаи фитр ба камбағалон, фақирон, бечорагон, донишҷўёну мусофирони мўҳтоҷ дода мешавад. Онро ба шахсе, ки молаш ба нисоб расидааст (яъне 13 ҳазор сомонӣ дошта бошад), додан ҳаром аст (аз «Мухтасар…»). Аз ин рў онро ба муллоэмомҳое, ки доранда ҳастанд, додан дуруст нест.
Муллоэмом худ бояд иқрор шавад, ки молаш ба нисоб расидааст ва садақаи фитрро ба ў надиҳанд. Вақти додани садақаи фитр то адои намози ид аст.
Дар баёни эътикоф
Эътикоф суннати муаккада аст ба ният, дар даҳ рўзи охири моҳи шарифи рамазон. Ва он гўшанишинӣ кардани мард дар масҷид аст.
Ақалли муддати эътикоф як шабонарўз аст. Агар аз деҳае як кас эътикоф нишинад, аз гардани аҳли деҳа соқит мешавад. Мўътакиф дар ин муддат бояд аз масҷид беузр берун набарояд. Ба ў танҳо барои бартараф намудани ҳоҷатҳои зарурии инсонӣ, мисли қазои ҳоҷат, барои гузоридани намози ҷумъа берун баромадан мумкин аст. Беузр берун баромадани мўътакиф эътикофро ботил мегардонад (аз «Мухтасар…»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё