Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба атрофиён бингаред, онҳое салафиву таҳририву ваҳобӣ шудаанд, ки аслан дер ба ислом ворид шудаанду заминаи динии маҳаллии бақувват надоранд. Маҳз ҳамин гурӯҳ тез гумроҳ мешаванд.
Ҳатто онҳо ба домуллоҳои хатмкардаи Бухоро, ки паҳнкунандаи ақоиди ҳанафӣ дар Осиёи Миёна онҳо буданд, ҳеҷ ихлосе надоранд.
Хушбахтона, ин таълимот ҳоло ҳам дар Тоҷикистон дар маҳалҳо боқист ва онро бояд ҷоннок намуд, то ки равияҳои дигар буруз нанамоянд, ин халоро бояд пур кард. Фарқияти ин таълимот дар тарзи таҳорат кардан, намоз хондан, дар намоз пою даст ва ангуштонро наҷунбонидан, тариқаи дафн, садақа, дуо кардан дар намоз ва дар қабристон ва дигар масъалаҳои нозуки ҷомеаи мост, ки аксари куҳансолон комилан ҷонибдоранд. Агар ин таълимот ҷорӣ гардад, ихтилофот аз байн меравад. Шӯрои уламои Тоҷикистонро лозим меояд, то ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор бидиҳад ва дастуроте таҳия бисозад, то ин ҳама маросим дар тамоми маҳалҳо аз рӯи ин дастурот сурат бигирад ва ихтилофот аз байн биравад. Бояд дар тамоми маҳалҳо тасмимоти Шӯрои уламо эҳтиром шавад ва ба иҷро расад.
Аз чӣ бояд тарсид!
Ба фикри мо аз ояндаи дур, аз он насле бояд тарсид, ки дигар парвои дин надорад, имон надорад, мисли скинхедҳои рус дигар муқаддасоте надорад, ба ҷуз афкори нодурусти нажодпарастӣ, мисли ҷавонони аврупову Амрико, ки сар ба тарабхонаву қиморхона мезананд, умеде фаротар аз андешаҳои пучи хеш надоранд. Имрӯз Амрикову Аврупо намедонад аз он чӣ гуна халос ёбад. Натиҷаи он мӯҳлик аст, мисли бемориҳои табобатнашаванда.
Хуни ҷавонӣ дар ҷӯш аст. Илми психология исбот намудааст, ки нерӯи насли ҷавонро ба корҳое сарф бояд намуд, ки фоидааш ба ҷомеа расад. Агар ин нирӯ ба инобат гирифта нашавад, он сарфи корҳои зарароваре мисли фаҳшу зино, шаробхориву нашаву геракашӣ, қиморбозӣ ва дигар ҷиноятҳо мегардад. Инҳо низ аз фанатику терорист кам нестанд. Пеши роҳи ҳамаи инро фақат як чиз мегирад – Эмон!
Қонуни менталитет
1 дӯстам гуфт, ки ҳоло дастархонатро паҳн мекунӣ, аллакай аз ҳамин ҷо қонунвайронкунӣ сар мешавад. Яъне қонунро тарзе бояд қабул кард, ки дар оянда мо қонунвайронкун нашавем.

пешина
аз 161
навбатӣ