33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Асос менталитети миллӣ ба инобат гирифта шавад. Яъне як қонуни нонавиштаи дигаре ҳаст, ин – менталитети миллӣ. Ва тамоми қонунҳои дигар бояд дар ин асос сохта шаванд. Ва ило онҳо иҷро наме-ша-вандддд.
Гавҳари қиматро аз даст надиҳем Бармегардем сари тарбияи исломӣ. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон вожаҳое аз қабили терористу фидоиву ҳоказо даҳшатафканӣ доранд.
Яъне, мактабҳои хориҷие ҳастанд, ки зери номи ислом чунин шахсонро тайёр мекунанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки мо дар мазҳаби таҳаммулпазири Абӯҳанифа қарор дорем ва таълимоти мазҳаби мо поку беолоиш аст. Он исломе, ки ман медонам, талқин ба покиву тозагӣ, ростиву некӣ дорад, он исломе, ки ман аз хурдӣ бо он ҳастам, наҳй мекунад аз дурӯғу фиреб, озори касон, куштору ғорат. Он исломе, ки ман медонам, манъ мекунад аз худкушиву худсӯзиву ношукрӣ аз ҳаёти додаи Худо. Ин аст исломи мо. Ин гавҳари қимат муфт дар дасти мост, онро набояд нодида гирифт. Нашавад, ки баъди чанд сол пушти даст ба дандон канем, ки дигар фоида надорад.
…Инро бояд касе мегуфт, охир. Худо моро нигаҳ дорад!
«СССР»\13.01.2011.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё