33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Умуман аз шакли зоҳирӣ ва ба чашм аён қавмҳои ҳамсоя якдигариро ном бурдаанд, ки ин аҷиб аст. Масалан, шотландҳову ирландҳо аз қадим бо исми «келтҳо» машҳуранд. Шотландҳо бо пӯшидани матоъи рахдор маъруфанд. Ин матоъ вақте ки дар гирди миён печида шуда, бо чарму васлаҳо баста мешавад номи «килт»-ро мегирад. Яке аз рамзҳои миллии шотландҳо ҳамин матои рах-рахи пурнақшу нигор (килт) буда, рахҳои он амудиву уфуқӣ шакли чоркунҷаро гирифта, миқдори рахҳову ранги он мансубияти қавму қабила ва табақаву рутба ва ҳатто имтиёзеро дорад, масалан чоркунҷаҳои шашранги килт подшоҳро мефаҳмонд. Чуноне ки мебинем, дар ин ҷо либос - рамзи давлатӣ, пурра чун ашёи сиёсӣ ба назар мерасад. Қавму қабилаҳои гуногун ҳангоми мубориза бо роҳзанон аз воситаҳои гуногун истифода мекарданд. Соли 1544 қавмҳои Фрайзер, Макдоналд ва Камерун ҳини мубориза аз тактикаи аҷибе кор гирифтанд, онҳо ҳангоми ҷанг килтҳои худро партофта бараҳна ба ҳариф ҳуҷум карданд, ки ин муҳориба дар таърих бо номи «Муҳорибаи куртаҳо» (Битва рубашек) маъруф аст. Хусусияти дигари килти калон истифодаи он ҳангоми хоб чун болопӯш ва дар боронгарӣ чун муҳофизати сар махсус қайд шудааст, ки он чун Рамзи миллӣ пазируфта шудааст. Маҳз ҳамин пӯшиши зоҳириаш ғайриоддиро ба инобат гирифта ҳамсояҳо онҳоро келтҳо гуфтаанд. Яъне, эҳтимоли қавӣ бар он аст, ки келт ва килт ҳаммаъноанд.
Шотландҳо дар либоси анъанавӣ (килти дароз ва кӯтоҳ) ) Дар баъзе мавридҳо зоҳири одамон махсусан рӯй, мӯй ва сару гардан аҳамият дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё