33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Фасли 2. Вожаи тоҷик, забон ва имло
Нақши кулоҳ дар ташаккули этнонимҳо
Аз қадим сарулибос аз ҷумла тоҷу кулоҳ байни ақвоми мухталиф махсусиятро касб намуда, ҳамроҳ бо ин миллатҳо дар арсаи таърих аҳамияти бузургеро соҳиб аст. Дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ шоҳзода Ревниз дар майдони ҷанг кушта мешавад. Лашкари хаставу афгор баҳри аз байни душман баргирифтани тоҷи шоҳзода, ки мабодо ба дасти душман наафтад, хастагиро фаромӯш намуда, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Ин лаҳза он қадар муассир ва он қадар миллатдӯстонаву бонанг тасвир гаштааст, ки беихтиёр шахс атрофи ин тоҷ дар андеша меравад, ин ин тоҷ чӣ гуна тоҷест, ки баҳри нигаҳдориву муҳофизати он чун парчами давлатӣ ин қадар аз он муҳофизат мекунанд. Ин чӣ сарпӯшест, ки баҳри он ҷон медиҳанду онро ба дасти душман намедиҳанд?
Сотсиолингвистика ё забоншиносии ҷамъиятӣ илмест, ки забонро чун ҳодисаи ҷамъиятӣ ва моли ҷамъият ба қалам медиҳад. Забон ва ҷамъият дар алоқаи ҷудонашаванда ва мустаҳкам бо якдигар асоси пайдоиши вожаҳо гаштаанд. Аз ин рӯ аз ин ҷанба назар намудан ба вожаҳои мухталиф аз аҳамияти ҳам забониву ҳам этнографӣ ва ҳам сиёсӣ бархурдор аст.
Аз номи либос ва умуман зоҳири ақвом номгузорӣ шудани қавму халқиятҳо ҳодисаи омӯхтанӣ дар таърих аст. Аксар этнонимҳо маҳз аз сарулибос пайдо шудаанд. Мисолҳои поён ба ин далеланд. Ба бисёр халқҳо ҳамсоягон номгузорӣ кардаанд. Ва умуман дар арсаи таърих ин қабул шудааст, ки ҳамсояат туро чизе гӯяд, қавмҳои дигар ҳамон тарз ном мебаранд. Орёиён аз нажоди сафедпӯстон буданд. Римиҳо галҳоро гали, яъне ширмонанд (молочный) мегуфтанд. Бояд гуфт, ки вожаи Португал, низ аз решаи гал буда, маънии майдон ё замини галҳоро дорад. Бумиёни Амрико (сурхпустони туземӣ) аврупоиёни омадаро рӯсафед, рангпарида (бледнолицы) номиданд.
Тоҷикон солҳост, ки дар ҳамсоягӣ бо ӯзбекон умр ба сар мебаранд. Тоҷиконро тоҷоқ – тоҷсафед гуфтани ӯзбекон чун ҳамсояи наздиктарин ба нажоди сафед (белая раса), ориёӣ будани тоҷикон далолат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё