33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Қонун хусусияти маҷбуркунӣ дорад вагарна он Қонун буда наметавонад. Акнун бубинед, пештар аз рўи ин модда ду нафари хориҷиро маҷбур бояд мекардем, ки бо якдигар бо забони русӣ гап зананд, зеро дар қонун забони муошират русӣ таъин шуда буд на забони дигар; 4. Мувофиқи қонуни ҷомеаи демократӣ ду нафари хориҷӣ бо якдигар бо забоне гап мезананд ва муошират мекунанд, ки худ интихоб кардаанд ва медонанд ва чунин бандеро дар қонун ҷой додан умуман ҷоиз нест.
Дар лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» чандин бартариҳо дида мешавад. Нахуст бартарӣ дар номи қонун дида мешавад. Пештар он Қонуни забон ном дошт. Ҳоло бошад, Он Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, ки он имкон медиҳад бар даҳони бисёр шахсони ғаразнок мўҳри хомўшӣ зада шавад, то онҳо натавонанд бар болои забони тоҷикӣ забони дигареро бартарӣ диҳанд. Зеро он қонуни забони давлатӣ аст на забони дигар.
Ғайр аз ин дар банди дуюми моддаи 4 барои истифодаи озодонаи забонҳои дигар қонун шароит муҳайё намудааст.
Ёд дорам, ки замоне дар шаҳри Самарқанд будем ва баланд – баланд бо забони тоҷикӣ гап мезадем, ки шахсе ба наздамон омаду гуфт: - Тоҷикӣ гап назанед! Ва чанд маротиба ин лафзро такрор карду рафт.
Шукр, ки дар Тоҷикистони мо қонун он гуна тарҳрезӣ шудааст, ки мавқеи ягон забон ё қавмеро танг намекунад. Қонун ба хотири ҳимояи як сутуни давлат, яъне забони тоҷикӣ, кабул шудааст. Зеро дар замони шўравӣ вазъи забон то дараҷае бад шуда буд, ки мисли забонҳои хурди дигари Иттиҳоди Шўрави хавфи аз байн рафтани он ба миён омада буд.
Инак 20 сол аз қабули Қонуни забон сипарӣ гашт. Дар ин 20 сол хеле забон пеш рафту дар мақоми давлатии худ устувор шуд ва аз унсурҳои бегона нисбатан пок шуд. Вале ин хеле кам аст. Ин ҳанўз оғози кор аст. Зеро дар ин замони ҷаҳонишавӣ хавфи ҳуҷуми калимаҳои хориҷӣ аз ҳисоби забонҳои бузург хеле калон аст. Пеши роҳи вуруди онҳоро танҳо давлат ва қонун гирифта метавонад.
Бартарии дигари лоиҳаи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар мўҳтавои он аст. Қонун хеле ихчаму нишонрас таълиф шуда, тақрибан пурра забони давлатиро ҳимоя менамояд. Хулоса, ҳама армонҳои зиёиёну миллатдўстон дар он таҷассум ёфтааст, ки ба комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ изҳори сипос менамоем.
Масъалаи хеле муҳим масъалаи номгузорӣ ё насабсозии тоҷикӣ мебошад. Азбаски дар Тоҷикистон насаб ё фамилияи тоҷикӣ қариб, ки аз байн рафтааст, бисёр зиёиён насаби русии худро ба мисли пештара нигоҳ доштаанд, яъне ҳоло ҳам Исматову Достиеву Қурбонованд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё