Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

танҳо як тасдиқномаи шўъбаи шиносномадиҳӣ кифоя аст. Матни тасдиқнома тахминан чунин бошад:
Тасдиқнома
Бинобар талаботи Қонуни забони ҷумҳурӣ ному насаби шаҳрванд Хизиров Саидасрор Воҳидович ба ному насаби тоҷиконаи Хизириён Саидасрор Воҳид иваз карда шуд. Аз ин рў дар ҳуҷҷатҳои боқимонда насаби Хизиров Саидасрор Воҳидович чун Хизириён Саидасрор Воҳид пазируфта шавад.
Тасдиқ мекунам шўъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Сино Имзо мўҳр
«СССР»\ 30.07.2009

Ба пешвози Рӯзи забон 5-уми Октябр
SOS: Насаби тоҷикӣ аз байн меравад!!!

Ду монеа дар хориҷу дохили кишвар:
Якум. Як дӯстам аз Русия занг зад, ки бинобар сабаби насаби тоҷикӣ доштанаш ӯро аз яке аз корхонаҳои шаҳри Маскав пеш намуданд. Ӯ бошад, эътироз намудааст, ки барои чӣ Ҷугашвилӣ, Мкртчян, Шеварднадзе барин номҳо гузашта, ҳатто ба вазифаҳои баланд расиданду Сафарзода намегузаштааст. Чиновники рус дар ҷавоб хомӯш мондааст.
Дуввум. Рӯзноманигори ҳафтаномаи ДМТ «Ба қуллаҳои дониш»
Илҳомҷон барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои писараш рафтааст. Ҳарчанд кӯшидааст, ки барои фарзандаш насаби тоҷикӣ гирад, кормандони шӯъбаи бақайдгирии шаҳрвандии яке аз ноҳияҳои пойтахт ба ӯ шаҳдатнома бо насаби тоҷикӣ надодаанд ва гуфтаанд, ки танҳо бо фамилияи русӣ медиҳанд. Илҳом норизо баргашта, дигар шаҳодатнома ҳам нагирифтааст.
Мутаассифона, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» дар боби 5, ки Забони номгузорӣ ном дорад, дар мавриди ному насаб ишорае нест. Бояд гуфт, ки дар «Қонуни забон»-и аввалӣ ин банд вуҷуд дошт. Чунончи дар Боби 7, банди дуюми моддаи 31 мехонем:
«Гражданинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном дошта бошанд. Онҳо метавонанд, ки ном, номи падар ва фамилияи худро мувофиқи имлои забони модарӣ нависанд».

пешина
аз 161
навбатӣ