33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳоло муаллимон ҳайронанд, ки дар аввал номро нависанд, номи падар ё насабро.
2. Харҷумарҷ рафъ шуда, насабсозӣ ба сомон меояд.
3. Намунаи ягонаи он ба шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ равон шуда, ҳама якхела хоҳанд навишт.
Тоҷикон аз қадим Насаби худро бо пасванди ҷамъбандии –он месохтанд, мисли Зангаи Шоварон, Гударзи Кашводагон, Қорани Ковиён, Сосониён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён ва ғ. Байни Саидзодагону Вализодагон шаҷараи авлодӣ расм буд, ки то имрӯз аз он бо ифтихор ёд мекунанд. Ба ин номҳо диққат диҳед: Айнӣ, Турсунзода, Улуғзода, Олимпур, Ҳаким Карим ва ғ. инҳо ҳамагӣ тахаллус ё номи падаранд вале насаб буда наметавонанд, танҳо баъди пасванди -он гирифтан он номи хонавода ё оила мешаванд. Аз ин рӯ насаби тоҷикӣ бояд ҷиддӣ, якхела ва расмӣ-ҳуқуқӣ бошад, то ки минбаъд насли оянда ба нофаҳмиҳову саргумиҳо наравад.
Азбаски ба мо таъсири ҳамсоягон, махсусан русҳо зиёд аст ва русҳо садоноки о-ро а мехонанд, пасванди мо шакли –янро гирифта, ба арманҳо монанд мешавад, ки ин ташвишеро дар шуури мо ба бор овардааст. Яъне, агар насаби ман Шарифиён бошад, дар талаффузи русӣ Шарифиян мешавад, ки бегона ба гӯш мерасад. Мо медонем, ки арманиҳо ин пасвандро аз эрониҳо гирифтаанд. Яъне боз монеа аз ин ҷо эҷод мешавад. Ба фикри мо аз ин чиз тарсидан даркор нест, Муҳимаш ин ки Насабномаи ягонаи аҷдодии тоҷикӣ эҳё гардад!
Ҳамин тариқ, чунин шакли насабсозии тоҷикиро аз рӯи нақшаи ФИО тавсия медиҳем:
Сомониён Исмоил Аҳмад Насаб ном Номи падар Вализодагон Сафар Саидалӣ Таъкид мекунем, ки дар насабномаи тоҷикӣ бандаки изофии -и набошад. Зеро миллатҳои дигар бандаки изофиро намефаҳманд, аз ин рӯ масалан Шоҳрухи Ғаффорро «Шоҳрухи» гуфта мехонанд.
Мушкилоти дигар ин ҳуҷҷатҳои дар хориҷ гирифташудаи замони шӯравӣ аст. Оё ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро шахс имкони иваз кардан дорад?
ҷавоб медиҳем, ки роҳи ҳалли он осон аст. Ин ҳуҷатҳоро иваз кардан ҳеҷ ҳоҷат надорад, фақат ШКД, ки шиносномаи тоҷикӣ медиҳад, бояд як маълумотнома ё тасдиқномае диҳанд, ки мувофиқи он аз фалон рӯз дар шиносномаҳои тоҷикон тағйирот ба амал омада, пасвандҳои русии –ев ва –евич партофта шуда, ба ҷои он пасванди - он қабул шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё