33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳамин тасдиқнома дар шиноснома гузошта мешавад ва зарурати иваз намудани ҳуҷҷатҳои дигар намемонад, зеро тасдиқнома худ ифодагари тағйири ном аст. Баъди 20-30 сол ин мушкилот аз байн меравад.
Масалан, агар дар тамоми ҳуҷҷатҳо Шарифов Неъмат Файзович рафта бошад, дар шиносномаи нав чунин шаклро мегирад:
Шарифиён Неъмат Файз
Дар гуфтугӯ бошад, барои эҳтиром мӯҳтарам Неъмати Файз ё Неъмат Шарифӣ гуфта мешавад, вале дар ҳуҷҷат шарт нест, услуби гуфтугӯӣ ё бадеии шоирона, тахаллусу лақаб дохил шавад. Мисли Хатлонӣ ё Хистеварзӣ ё Саломдухту Ҳикматпур, Ваҳобниё. Ҳуҷҷат хусусияти ҳуқуқӣ ва расмӣ дорад, аз ин рӯ бояд орӣ аз эҳсосоти дигар бошад. Онҳое, ки ба чунин номгузорӣ шавқ доранд, бигузор дар китоби ашъор ё ҳикояҳошон ё номи мақолаашон ин номҳоро гузоранд, вале дар ҳуҷҷат бояд ягонагӣ риоя шавад.
Онҳое, ки номашон бо садонок ба охир мерасад, мисли Сафо, Сайидо, Сабза, Айнӣ барои равонии он аз усули классикӣ – бобоӣ истифода карда, дар байни ду садонок ҳарфи зинат ё ҷузъи зода илова намудан ба мақсад мувофиқ аст. Мисли Сафовиён, Сафоиён, Сайидиён, Сабзазодагон ё Айнизодагон. Баъзан номҳои мураккаб, ки аз чанд реша иборатанд, дар охир пасванди тоҷикӣ гиранд, ғайриоддӣ ба гӯш мерасанд. Мисли Камолиддиниён, Маҳмадшарифиён. Ва ҳаргиз нагӯед, ки ғайриоддӣ аст. Дар замони шӯравӣ номҳоямонро бо туфу пуф сохта одат кардему, акнун ба номҳои бобоӣ одат намекунем? зеро вожа ҳамон вақт ба гӯш менишинад, ки агар дар истифода қарор бигирад.
Пешниҳоди дигари мо зарурати эҷоди Тафсири мукаммали Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад, ки дар он дар баробари шарҳи дигар бандҳо масъалаи насабсозии забони тоҷикӣ бояд пурра шарҳ дода шавад.
Бо мақсади беҳбудии кор ва нияти хайр!
«СССР»\7.10.2010
Тоҷикӣ бесоҳиб нест!
Кам одамон ҳис намуданд, ки бо ҷорӣ гаштани як фармони Президент як вожаи аслии тоҷикӣ эҳё гашту дар қатори ҳазорҳо вожагони серистифода қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё