Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. Тарғиботи ашё, чизҳо, дар навиштаҷоту овезаҳо пурра ба забони тоҷикӣ бошад, масалан ба ҷои кондитсионер насимафкан, ба ҷои вентеляция ва вентилятор вожаҳои бодгузар ва шамолдеҳаки халқӣ навишта шаванд ва ғ.; 2. Дар кумитаи гумрук гўшаи забон ташкил карда шавад, то ки тамоми ашёе, ки аз хориҷ вориди Тоҷикистон мешаванд, ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, бо тамғаи тоҷикӣ вориди мамлакат шаванд, то ки калимаҳои тангему ҷинлупӣ (айнан дар талаффуз) ва ғ. ворид нашаванд.
  2. Аз давлатҳои ҳамзабони Афғонистон ва Эрон вожаҳои аслии дарии тоҷикиро омўхта, қабул намудан фақат бурди забон аст.
    Масалан ба ҷои технология фановарӣ, компютер роёна ва ғ.
  3. Дар болои биноҳо номи муассиса, идора ташкилот бо ҳарфҳои калонтар аз қисмати русӣ бошад, то ки дар чашм шинад. Ва одамон ба гуфтану дидани вожаи тоҷикӣ одат кунанд.
    Тасаввур кунед, ки дар болои биное бо ҳарфҳои калон ба ҷои мактаби арабӣ дабиристони тоҷикӣ навишта шавад, ҳама мегўем: мо дабиристон меравем!!! Ана ҳамин тавр, як вожаи аслӣ зинда мешавад!
    Забони тоҷикӣ намемирад!!!
    Бисёр суол медиҳанд, ки забонҳо мемиранд, оё забони тоҷикӣ дар ин ҷаҳонишавӣ (ба ҷои глобализация) маҳв мешавад? Ба ин савол мо бо итминони комил мегўем, ки НЕ. Чаро? Зеро мо ду бародари бузурги ҳамзабон дорем ва дар чунин як минтақаи бузурги ҷуғрофӣ чун ангуштони як мушт муттакои якдигарем.
    Забон низ мисли одам аз узвҳо иборат аст, мисли исм – сар, сифат
    – рангу қиёфа, шумораву ҷонишин – дасту по, ҳиссаҳои ёридиҳанда – мўю нохуну гўшт ва феъл ҷони забон аст. Агар ба таркиби луғавии забон диққат диҳем, аз қабули вожаҳои юнониву арабиву муғуливу туркиву русӣ бештар сари забон, яъне исм, осеб дид. Яъне ба забони тоҷикӣ бештар исмҳои бегона ворид шуданд ва дар муддати чанд садсола забони тоҷикӣ чандин бор тағйири сару сурат намуд, аммо рўҳи он асил боқӣ монд, яъне феъл ба тағйроти кул дучор нашуд, ки ин хушбахтӣ аст.
    Ҳуҷуми Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ
    Акнун мо дар ҳамсоягии давлати пуриқтидори Чин зиндагӣ дорем. Ворид шудани иқтибосоти нав аз ин ҳамсояи аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват хавфи бузургеро ба миён овардааст. Ин хавф аз ҳуҷуми Яъҷуҷу Маъҷуҷ камтар нест. Барои пешгирии ин истилоҳоти бегона садди искеандарӣ бояд гузошт. Қонунҳои мавҷуда бояд тавре қабул гарданд, ки чун садди Искандар моро аз ҳуҷуми Яъҷуҷу Маъҷуҷ муҳофизат намоянд.
    Аз Фаронса ибрат гиред!
пешина
аз 161
навбатӣ