Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар Фаронса агар мабодо дар маҷалла ё рўзномае ягон вожаи бегонаро ба кор баранд, ҳатман мавриди пурсиш ва сарзаниши кумитаи истилоҳоти кишвар мегарданд. Аз ин рў дар мо низ кумитаи истилоҳотро ҷонноктару пурзўртар гардонидан зарур аст, то ки дарвозаҳои забонии кишвар ба рўи вожагони бегона билкул баста гардад.
Албатта, он вожаҳое, ки арабиянду ҳазор сол аст дар истифодаанд ва ба ақидаи устод Айнӣ онҳо аллакай тоҷикӣ шудаанд, бигузор бошанд. Вале онҳо чун сабақи таърих бояд пеши рў гузошта шаванд, то ки минбаъд чунин иқтибосот дар забони ноби тоҷикӣ ворид нашаванд. Ва онҳо бигузор охирин бошанд.
Ёд дорам, соли 1985 муаллиме вориди синфхона гашту муждаи перестройкаи горбачёвиро дод ва гуфт: - имрўз ба забони тоҷикӣ вожаи нав ворид шуд – перестройка. Ва таъкид кард, ки касе ҳақ надорад ин вожаи бузурги руси кабирро тарҷума кунад. Вале ҳама шоҳиданд, ки перестройкаро ду навъ тарҷума карданд – азнавсозӣ, бозсозӣ. Мешудаст-ку!
Саҳми ҷаҳоннамо
Дар байни васоити ахбори омма дар тарғиби вожаҳои аслии тоҷикӣ саҳми симо ё ҷаҳоннамо аз дигарон бештар аст. Тасаввур кунед, агар дар намоиши «Лаҳзаҳои гуворо» ҳунарпеша ба ҷои «даҳсикунда гап задан» даҳсониягӣ мегуфт, ба гўши аҳолии 7- миллионнафара як вожаи нисбатан тоҷикӣ менишаст ва бовар кунед, ҳам тамошобин механдиду ҳам хизмате ба забони модарӣ мешуд. Ё ки ба ҷои кастинг номи барнома вожаи тоҷикии кӣ беҳтар ё озмун ё чизи дигари ба ҳамин монанди тоҷикӣ гузошта мешуд, хело беҳтар мебуд.
Чун забони тоҷикӣ хело бой ва сермуродиф аст ва ҳаргиз нагўед, ки инҳо он маъниро дода наметавонанд ё «незвучит». Шумо як бор ба самъи одамон расонед, бовар кунед, баъд мебинед, ки чи гуна «звучит».
Дар маҷлисе устоди чашмтанге мегуфт, ки «аз ҳамин донишҷўву донишгоҳ дида студенту университет беҳтар буд. Дигаре мехост исбот намояд, ки истилоҳоти русӣ тарҷуманашавандаанд. Вале мо мегўем, ки мо тарҷума кардем, шуууд! Ҳеҷ гап не, оҳиста- оҳиста ба тоҷикӣ одат мекунед, рафиқони тангбин.
Сарқонунро аз қавс озод кунед!
Бисёр мехостем, ки вожаи тоҷикии Сарқонун дар аввал гузошта шавад ва вожаи Конститутсия дар қавсайн. Номи дарвозаҳои шаҳр, ки аэропорту автовокзаланд бо номҳои аслии тоҷикии фурудгоҳу саристгоҳ иваз карда шаванд ва ҳаргиз нагўед, ки фурудгоҳ пурра маънои аэропортро дода наметавонад. Зеро шарт нест, ки истилоҳ сад фоиз маъноро диҳад. Агар бист ё сӣ фоиз маъниро ифода кунад, кифоя аст. Масалан, маънии аслии вагон аробача аст. Агар мо ҳозир вагонро аробача номем, эътироз сар мешавад, зеро мо дар ботини худ бегонапарварем ва калимаҳои худиро қишлоқӣ меҳисобем.

пешина
аз 161
навбатӣ