Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«СССР»\ 25.06.2009
Гурез аз форсӣ ин гурез аз худ аст Ҳафтаномаҳои ҷорӣ ниҳоят ташаббус ва тасмимоти арзандаеро роҳандозӣ намуда, баҳри мушкилоти забони тоҷикӣ ва имлову дигар паҳлуҳои он донишмандонро ба баҳси воқеан илмӣ даъват намудаанд, ки воқеан шоистаи дастгирист. Баъди мутолиаи мақолаи Зафар Мирзоён «Гурез аз форсӣ - нотавонии тоҷикӣ» азми мо қавитар гашт, ки чизе перомуни мушкилоти имло ва забони имрўза бинависем. Бале, дар баҳси воқеан илмӣ ҳар нукта беғаразона, аз дидгоҳи илмӣ мавриди баҳс бояд матраҳ шавад ва касе ҳақ надорад, ки ҷониби муқобилро санг бизанад ва ило илм мавқеъ ва манфиаташро гум мекунад.
Шунида тавонистани фикри муқобил ин худ ҳунари бузург аст. Вале мутаассифона, дар мавридҳои зиёд мо фақат гўш ба амри дили худ намуда, фикри дигаронро пазируфтан он тараф истад, шунидан намехоҳем. Бисёр вақт мақолаҳоро нахонда, танҳо аз сарлавҳаҳо баҳогузорӣ менамоем, ба умқи андешаҳои муаллиф сарфаҳм нарафта, ба мисли фатвогари мутаассиб ўро кофари илм ҳукм мекунем.
Табдили алифбо – муваққатӣ!
Нахуст суханро дар мавриди табдили алифбо, ки соли 1929 сурат гирифт, оғоз намуда, диққати хонандаро ба як чиз равона месозем. Ин рўҳияи мардуми он давра аст. Яъне, як бор алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ – хатти 1400 – солаамон ба хатти лотинӣ иваз шуд.
Олимону шоирон ва умуман мардум ин амрро муваққатӣ медонистанд ва он ҳукуматро низ ва мегуфтанд, ки ин хатти арабӣ имону исломи мост ва мо ҳатман ба он боз хоҳем гашт. Чун даҳ сол баъд хатти лотинӣ ба кириллӣ иваз шуд, ин рўҳия дар дили мардум қавитар гашт.
Азбаски мардум дар зери ин рўҳия алифбои навро қабул намуда буданд, ҳар «кашфиёте», ки дар мавриди ин хатту имло карданд, муваққат ҳисобиданд, чун муваққат ҳисобиданд, он қадар дар мавриди ҳарфҳое аз қабили у ва ў (ба ҷои вови маҷҳулу маъруфу замма), и ва ӣ (ба ҷои йо ва касраву ҳамза), ъ ё сакта (ба ҷои ъайну ҳамза) ҷудову якҷо навиштани калимаҳо ва ғ. диққати ҷиддӣ надоданд. Чун мутмаин буданд, ки ин хат муваққат аст, ва як рўз не як рўз ба хатти ниёгон бозхоҳанд гашт. Ҳар тоҷики бонангу ор ба фишору таҳдидҳои ҳокимони вақт нигоҳ накарда, нахуст фарзандашро алифбои ниёгон меомўхт ва меомўзад ва ҳамеша дар гўши ў садо мекунад, ки ин хатти бобоҳои мост, ин хатти Рўдакиву Фирдавсист, онро бояд ёд гирифт.
Ин ҳама гуфтаҳо далел бар муваққатӣ будани хатти кириллӣ дар рўҳияи мо тоҷикон буд. Воқеан, соли 1991 муваққатӣ будани ҳукумати шўро маълум шуд, ҳарчанд ин муваққат ба дарозо кашид.

пешина
аз 161
навбатӣ