33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан1920+71= се насли мухталиф Бале, орзу ба дарозо кашид – аз соли 1929 то соли 1991, яъне 62 сол. Дар ин 62 сол (як умри одамӣ) он насле, ки умеди баргаштан ба хатти ниёгонро дошт, орзуву армони худро ба гўр бурд.
Дар ин миён се насл боқӣ монд:
- Насле, ки хуну гўшту пўсташ дар идеяҳои ленинӣ пўхта расидааст. Ба инҳо гапи навро гуфтан баробар аст ба муҳорибаи сахт; 2. Насли миёна, ки охирҳои ҳукумати шўроҳоро дидаанду мазаи онро чашидаанд. Инҳо ду гурўҳанд: а) огаҳ ва омўзандаву равшанфикр; б) ноогаҳ ва манқурт (мутаассифона онҳо зиёдтаранд); 3. Насли нави бепарво ва гаправ, ки ба ҳар идея гўш дода, дар миёна ҳайрон мекалаванд ва намедонанд, ки ба кӣ бовар кунанд ва аз пайи кӣ раванд.
Албатта, тасмимоти бузурги ҳукумат дар мавриди ҷашнгирӣ ва бузургдошти Имоми Аъзам ва дигар бузургонамон барои ин наслҳо аҳамияти муҳим дорад, вале нобуди хатти бобоӣ ва канишу фосилаи ин 71 соли ахир кори худро кайҳо анҷом додааст.
Хатти ниёгон 100 млн хонанда дорад!
Воқеан, ҳар чи зудтар ба хатти бобоӣ баргаштан ин амалӣ шудани армонҳои чандинсолаи ин миллати ҷафокашида аст. Пешниҳод доштам, ки дар Тоҷикистон сараввал ду хат ҳам кириллӣ ва ҳам форсӣ баробар ҷорӣ бошанд. Дар мактабҳо чанд фан аз ҷумла адабиёт, таърих ва ягон фанни дигар аз синфи як то даҳ пурра ба хатти ниёгон гузаранд. Тасаввур кунед, агар масалан як китоби Ҷаноби Олиро ба хатти кириллӣ чоп кунем, он 7 млн хонанда дораду агар бо хатти форсӣ чоп кунем, зиёда аз 100 млн. Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Киштии кайҳонии Эрон ба осмон рафту мо ҳанўз дар ҳамон ақидаем, ки хатти арабӣ пеши роҳи тараққиётро мегирад. Майдони фаъолияти хатти арабӣ дар ВАО ва интернет аз кирилии мо фарохтар аст, ки ҷои баҳс нест.
Ташдид – чаро дуто?
Ташдид, мушаддад, шиддатнок вожаҳои ҳамреша буда, чи дар мактаби миёна ва чи макотиби олӣ барои тадриси он соатҳо ҷудо шудааст. Арабҳо ташдидро ду ҳарф наменависанд. Онҳо бо аломати махсус дар болои ҳарф ишораи ﱞ монда, дар навиштҳои маъмулӣ ва ҳаррўза дигар онро ҳатто наменависанд. Яъне ба хотир мегиранд, ки ин вожа дар фалон ҳарф ташдид дорад. Вале нишон надодани он ғалат ҳисобида намешавад. Дар дастхатҳои арабиву форсӣ аломати ташдид дар баробари ҳаракатҳои зеру забар ё фатҳаву касраву замма дар болои ҳарфҳо ҷой гирифта, дигар навиштанаш дар қатори ин аломот зарурӣ нест. Ин ҳаракату аломот фақат дар Қуръон ба хотири беғалат хондан сахт риоя мешавад. Мо ба хатти кириллӣ гузаштему чӣ кор кардем? Аз таҷрибаи хатти 1400-солаамон - алифбои бобоӣ истифода накардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё