33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Яъне, метавонистем бо аломате ё ишорате дар болои ҳарфи мушаддад иктифо карда, насли ояндаро аз як мушкилот ва дардисарӣ озод мекардем.
Мақсад бо ишорае соқит намудани дутонависии бемаврид аст.
Вале на ишорае, ки ҳатмӣ бошад ва дарди сари нав ба бор орад. Шумо як бор ба талаффузи атрофиёнатон диққат диҳед, ҳеҷ кас худро маҷбур карда, ташдид намегузорад, вале дар навишт ин амри зарурист. Мо бояд калимаҳои хориҷиро ба талаффузи худамон мувофиқ карда нависем (ақидаи аксар забоншиносон), зеро яке аз шартҳои асосии имло ин талаффуз аст.
Музаффар ё Музафар ?
Як дўсти арабшиносам бо номи Музаффар, ки чандин сол дар мамолики араб буд, гуфт, ки ҳеҷ кас маро мисли арабҳо Музаффар (зада дар а-и якум ва ф-и мушаддад) намегўяд, вале дўстони арабам маро ҳамин тавр бо зада ва ташдиди махсуси худашон фарёд мекунанд. Аммо хонавода ва тамоми дўстони тоҷикам маро Музафар (беташдид ва зада дар охир!) овоз мекунанд.
Ин устод дуруст мушоҳида намудаанд. Чун задаи исмҳои тоҷикӣ дар охир аст, задаи арабӣ дар талаффузи тоҷикӣ мешиканад ва ҳеҷ ҳоҷат ба ташдид намемонад. Баъди ин ман диққат додам ба вожаҳои аслии тоҷикӣ, ки ташдид доранд: арра, барра, латта, пашша, калла, салла. Зимнан ҳар ҳарферо метавон ташдид гузошт: компютерр, харр, саффед, хонна. Ин маҷбурсозӣ аст. Ва фикр мекунам овозҳое, ки ба таъбири забоншиносон роғанд, яъне дароз талаффуз мешаванд мисли с, ш, ф, з ва ғ. чун дарозталаффузанд, ҳеҷ ҳоҷат ба ташдиди маҷбурӣ надоранд. Зимнан ҳамсадои р худ ларзон аст ва дар ташкилёбии он забон худ камаш се бор меларзад, аз ин рў ҳоҷат ба ташдид надорад.
Яъне ташдиди р забонро бояд 6-8 бор ларзонад, ки зарур нест.
Солҳост, ки забоншиносон баҳс доранд, ки содда дуруст аст ё сода, оддӣ ё одӣ, хоса ё хосса, ҳамма ё ҳама ва ғ.
Худ қазоват кунед, ки муаллим маҷбур аст барои ба хонанда ё донишҷў фаҳмонидани ташдид ба қолабҳои калимоти арабӣ рўй биёрад. Масалан: қолаби фаъол – Саттор, Даҷҷол, қассоб; қолаби тафаъул- табассум, ташаккур, тараддуд; қолаби муфаъал – муқаддас, мураккаб, мушаххас; муфаъил – муаллим, муҳаррир, мусаввир ва ғ.
Албатта, ин ҳама омўзиш барои дарси фанни забони арабӣ бениҳоят хуб аст, аммо бо ишораи ташдид, на дуто навиштани он. Ҳарчанд, ки мо устодон дастурҳои таълимие бо номҳои «Луғатномаи Ў» ва «Имлои вожаҳои ташдиддор» тартиб дода бошем ҳам, чун қоидаҳои нахуст ҷоришуда асоси илмӣ надоранд, ба дарди донишҷўёни насли нав намехўранд. Ин аст, ки ҳангоми навиштани иншо аксар баҳои қаноатбахш намегиранд.
Ҷудо нависем ё якҷо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё