33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Онҳо мехоҳанд фарқ гузоранд, байни ду миллати ҳамзабону ҳамдин. Оё мешавад, ки девонҳои Ҳофизу Саъдӣ ва Хоҷа Камолу Рўдакиро чанд забон гуфт? Чӣ некўст агар мо вожаҳои зебои ҳамдигариро мавриди истифодаи умум қарор бидиҳем ва дар эҳёи вожаҳои фаромўшшудаву қадимаи худ саҳм бигирем. Агар ба ҷои компютер – роёна, ба ҷои технология фановарӣ, ба ҷои мактабу таълиму тарбияи арабӣ – дабиристону омўзишу парвариш ҷорӣ гардад, фақат бурди забони тоҷикӣ аст.
Ҳуҷуми вожаҳои бегона
Имрўзҳо низоми нави таълимие бо номи «низоми кредитӣ» чун талаботи стандарти байналмилалӣ ба зуҳур омадааст. Ин ҷо дар мавриди ба бисёр талаботҳову психологияи донишҷўёну муаллимони мо мувофиқ набудани ин низом гап намезанем. Гап сари ҳуҷуми зиёди калимаҳои аҷнабӣ меравад. Тоҷикони аз сиёсати шўравӣ берунҷаста, ширинкома аз шаҳди истиқлол чанд вожаи русиро хуни дил шуда, нав тоҷикӣ карда буданд, ки ҳуҷуми навбатӣ сар шуд: кредит, силлабус, рейтинг, бал, эдвайзер, тест. Гўё мо ҳарф надошта бошем, ки саволгузории тестӣ бо ҳуруфи англисӣ – А, В, С, Д сурат мегирад.
Агар мо тестро саволнома ном гузорему ҳарфҳои тоҷикии А, Б, В, Г, Ғ гузорем, осмон омада ба замин мечаспад? Ё ки зада – зада нав кураторро роҳбари синф ном гузошта, одат карда будем, ки боз ин эдвайзераш пайдо шуд. Агар мо ҳамин эдвайзерро роҳбари синф гўем, стандарти байналмилалӣ халалдор мешавад? – не, ин ҷо фақат ҳисси миллӣ забонпарварӣ (он чизе, ки ба аксари мо намерасад!) лозим аст.
Мисли ҳамин вожаҳои мониторингу менеҷеру маркетинг ва ғ. чун лашкари мўру малах ҳуҷум кардан доранд. Пеши роҳи онҳоро кӣ бояд гирад? Кумитаи истилоҳот? Комиссияи татбиқи Қонуни забон?
Вазорати маориф? Ё ҳар се!
Кредитӣ ё вомдорӣ?
Пешниҳод доштам, ки Кумитаи истилоҳот фаъолтару пурқувваттар карда шавад, то ки мисли як низоми қудратӣ тавонад истилоҳоти аслии тоҷикиро дар тамоми ташкилотҳову муассисаҳо ҷорӣ кунад ва ҳуқуқи ҷазо додану ҳукм карданро дошта бошад. Ва ҳарчи тезтар дар тамоми донишгоҳҳо низоми кредитӣ низоми вомдорӣ номгузорӣ шуда, вожаҳои боқимонда пурра тоҷикӣ карда шаванд вагарна фардо дер хоҳад шуд.
«СССР»\28.10.2009
НБО ё НОБ
Имрўзҳо чун сухан аз Нерўгоҳи обии барқии Роғун меравад, дар
ҳар кўю барзан ин ибора чи пурра ва чи дар шакли ихтисориаш сари забонҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё