Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар хато накунем, чандин маротиба дар ВАО таъкид шуда буд, ки шакли НОБ саҳеҳтар аз НБО аст. Аммо афсўс, ки қариб дар ҳама навиштаҳои ба он мансуб шакли НБО гузошта шудааст, ки ислоҳи он саривақтист. Мо бар тақвияти ин фикр чанд далел меорем, ки шояд ба манфиати кор бошад.
Нахуст, аз ҷиҳати талаффузи равону осон беҳтар аст, ки вожаҳо аз рўи вожасозии ҳиҷоӣ сохта шаванд. Яъне, як ҳамсадо як садонок, як ҳамсадо як садонок ва мисли ҳамин. Таърихан ташкили ҳиҷоҳо ба ин тарз ба як амри зарурӣ табдил ёфта буд, ки ин амр асрҳо боз лафзи дариро чун суруд ба гўшҳо фораму гуворо гардонидааст. Аз ин рў дар ҳиҷоҳои тоҷикӣ ду ҳамсадо пайи ҳам хеле кам буда, се ҳамсадои пайиҳам тамоман нест (назири ҳиҷои Маркс). Аз ин сабаб шакли НОБ беҳтар аст.
Дуввум, аз ҷиҳати маъно низ шакли мазкур мувофиқ аст. Зеро аввал об бояд бошад, ки нерўгоҳро ба кор дарорад ва баъд барқ ҳосил кунад. Аз ин рў шакли НОБ аз ҷиҳати маъно мувофиқ аст.
Саввум, шакли пурраи ГЭС гидроэлектростансия аст, ки об (гидро) пеш аз электр омадааст, аз ин рў агар айнан тарҷума кунем, НОБ мувофиқ аст.
Чаҳорум, шакли НБО дар талаффуз чунин аст: ЭНБЕО. Яъне ҳарфи аввал эн талаффуз мешавад, ки дар забони тоҷикӣ чунин номи ҳарф нест ва он ҳанўз соли 1998 дар қатори ҳарфҳои эл, эм, эр, эс табдил ба ле, ме, не, ре шуда, бо қарори Ҳукумат таҳти рақами 355 тасдиқ шудааст ва касе неро эн гўяд, ғалат аст. Шакли НБО (дар талаффуз ЭНБЕО) талаффузи русӣ буда, бояд НЕБЕО талаффуз шавад, ки ду бор не ва бе инкорро мефаҳмонад, аз ин рў дағал ва гўшхарош ба гўш мерасад, аз ин сабаб шакли НОБ беҳтар аст.
Панҷум, бояд гуфт, ки вожаи ҳамшакли он ноб баромади таърихӣ дошта, майи ноб маънии майи софу тоза ва пурқувватро дорад. Аз ин рў НОБ рамзӣ буда, маънии қуввату нерўро комилтар мегардонад.
Дар баробари ин вожаҳои марбут ба барқ ва асбобу ашёи барқӣ, ки дар гуфтугў истифода мешаванд, аксар ба забони русӣ буда, забони ноби тоҷикиро халалдор месозанд, мисли включател, разведка, трансформатор, индикатор, рубилник, вилка, выпрамител, трайник, генератор, движок ва ғ.
Акнун, ки мо чун кишвари соҳибистиқлол худ соҳиби нерўгоҳҳои бузург мегардем ва онро бо дасти худ месозем, бояд ин вожагон ҳамагӣ тоҷикӣ гардонида шаванд. Аз ин пас Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари пуриқтидори содиркунандаи барқ хоҳанд шинохт.
Бингаред, дар тамоми дунё маҳсулоти истеҳсолкардаи худро бо забони модарии худ номгузорӣ мекунанд. Агар имрўз, саривақт ин вожагонро тоҷикӣ накунем, фардо дигар ин ҳама вожаҳои хориҷӣ забони моро ба як забони сохтаи аз ҳар ҷо ҷамъкарда мубаддал мегардонанд.

пешина
аз 161
навбатӣ