Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
баногоҳ ба оғӯши нури мусаффо ва беканоре афтодем, ки аз Хуршеди муктадире дар осмони барои мо то ҳол номаълум паҳн мегардид.
— Ин ҷо Фалаки мост! — эълон намуд зани забоншинос. — Мана ин нури Дастгири мост. Ҳозир Пайкараи Ҷангалистон намудор мешавад.
Дар воқеъ дар баландии бениҳоят баланди фазои тозаи коинот мо Хуршеди барои худ наверо дидем, ки ҷангалистониҳо Дастгираш мехондаанд. Дар шиддати нурфишонӣ ва ҳаҷман Дастгир аз Офтоби мо хеле пуриқтидортар буд. Ба назари мо, як қатор имтиёзоти геобиологияи ҷаҳони инҷоӣ аз замини мо эҳтимол аз ҳамин хосияти Хуршеди онон ва боз аз чунин ҳоле бармеояд, ки шабонарӯзи Пайкараи Ҷангалистон аз бисту ҳашт соат иборат аст.
Аммо дар ин хусус мо кӯшиш мекунем дафъаи оянда ё пас аз бозгашт ба «Паритет» муфассалтар хабар бидиҳем, ҳоло бошад, фақат чанд нуктаи муҳимро ба маълумоти шумо мерасонем. Сайёраи Пайкараи Ҷангалистон аз баландӣ ба Замини мо шабоҳат дорад ва бо ҳамон гуна абрҳои атмосферӣ иҳота шудааст. Аммо агар аз наздиктар, аз масофаи панҷ-шаш ҳазор метр нигоҳ кунед (ҷангалистониҳо барои мо парвози махсуси манзаравӣ ташкил карданд), намуди бағоят дилкушоеро мебинед: кӯҳсорон, қуллаҳо, теппаҳо ҳамагӣ либоси зумуррадгун дар кардаанд, байни онҳо наҳрҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо намудоранд, дар баъзе қисматҳои сайёра, бештар дар самтҳои канорию қутбӣ лаққаҳои азими биёбонҳои беҷон намоёнанд, ки макони бӯронҳои хок будаанд. Аммо шаҳру қарияҳо ба мо таъсири аз ҳама бештаре гузоштанд. Ин ҷазираҳои иншоотҳои меъморӣ дар сатҳи Пайкараи Ҷангалистон шоҳиди дараҷаи баланди шаҳрсозию шаҳрдорӣ буданд. Ба санъати шаҳрсозии сокинони кабудмӯи ин сайёра ҳатто Манҳеттан ақаллан заррае баробар шуда наметавонад.
Худи ҷангалистониҳо, ба назари мо, як навъ мавҷудоти соҳибшуури нодир ва фавқулоддаи Қоиноти мо мебошанд. Мӯҳлати ҳомиладории занон — ёздаҳ моҳи сайёраи Пайкараи Ҷангалистон. Умри сокинон дароз: ба ҳисоби миёна саду сӣ — саду панҷоҳ, баъзеҳо то дусад сол умр мебинанд. Бо вуҷуди ин масъалаи дароз кардани умрро ҷангалистониҳо умдатарин муаммои
1 Райони марказии Нью-Йорк, ки бо иморатҳои серошёнааш машҳур аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё