Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷамъият ва мақсади ҳаёти худ мешуморанд. Аҳолии сайёра аз даҳ миллиард нафар зиёдтар аст.

Мо холо наметавонем ҳар он чиро ки ба тарзи зиндагонии кабдумӯён ва дастовардҳои тамаддуни онон марбут аст, ба андозае мураттаб баён кунем. Бинобар ин аз баъзе чизҳо, ки моро ба ҳайрат андохтааст, ан-дак-андак ахбор медиҳем.

Онҳо дар ҳосил кардани қувва — қувваи офтобӣ ё, ба қавли худашон бигуем, қувваи дастгир моҳиранд ва ин қувваро ба нируи гармӣ ё электрӣ бо коэффициенти баланди таъсири судманд баргардонида метавонанд, ки он аз коэффициенти корҳои гидротехникии мо хеле баландтар аст. Боз як нуктаи аз ҳама муҳимаш ин, ки аз тафовути ҳарорати ҳавои рӯз ва шаб низ қуввае ҳо-сил карда метавонанд.

Онҳо идора кардани обу ҳавони омухтаанд. Вақте ки дар болои сайёра сайр мекардем, аппарати парвозӣ шуоҳои махсус фиристода, абр ва туманро дар ҷоҳои гӯншудааш пароканда месохт. Ба мо маълум шуд, ки онҳо қодиранд ба ҳаракати бод дар фазо ва ҷараёни об дар баҳру укёнусҳо таъсир бирасонанд. Ба ҳамин васила ҷараёни намнок шудан ва режими ҳароратро дар фазои сайёра идора мекунанд. Зиёда аз он ба қув-ваи ҷозибаи аҷсом таъсир мерасонанд, ки ин ба пар-возҳои байнисайёравиашон кӯмак мекунад.

Вале дар назди онон муаммои азиме истодааст, ки барои заминиён, ба назари мо, ҳанӯз ношинос аст. Онҳо аз хушксолӣ осебе намебинанд, чунки обу ҳаворо идора карда метавонанд. Ҳарчанд ки миқдори аҳолӣ хеле бузург, яъне назар ба миқдори навъи башар дар рӯи Замин ду ним маротиба зиёдтар аст, норасоии озуқаро надидаанд. Аммо қисми калони сайёраашон тадричан барои зисту зиндагонии номувофиқ шуда истодааст. Дар он ҷоҳо ҳама чизи зинда маҳв мегардад. Ин ҳодисаро аз дарун хушкидан ном додаанд. Ҳангоми сайр мо дар қисми ҷанубу шарқии Пайкараи Чангакистон хокборонро дидем. Дар натиҷаи чӣ гуна як аксуламали муқтадире дар қаъри сайёра қабати болоии хок вайрон мешавад, таркиби худро гум мекунад, ҳамаи унсурони ҳосилхезаш барбод мераванд. Ин ҳодиса, эҳтимол, ба пайдоиш ва амали вулқонҳо шабоҳат дошта бошад, аммо ба шакли дигар — ба шакли ҷӯшида баромадани анбӯҳи шуоъ. Дар ин қисмати Пайкара биёбоне ҳаҷман баробари Саҳрои Кабир пайдо шудааст

пешина
аз 293
навбатӣ