Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ақидаи онон, ба амалиёти дохилиадроии сайёра таъсири матлуб хоҳанд расонид.

Албатта, дар ҳаёти иҷтимоии онҳо низ масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд ва бояд бошанд, аз ҷумла масъалаҳои соҳаи ахлоқ ва маънавият, яъне муаммоҳое ки хиради инсон аз азал барои ҳалли онҳо ранҷу машаққат мекашад. Ба кадом зиннаи некуаҳволӣ нарасида бошанд ҳам, зиндагонии якҷояи зиёда аз даҳ миллиард мардум чандон оддию осон намегузарад. Ин бакуллӣ равшан аст. Аммо аҷобат дар ин ки онҳо чӣ будани давлатро намедонанд, яроку аслиҳаро надидаанд, чигунагии ҷангро намефаҳманд. Эҳтимол, дар таърихи гузаштаашон ҷанг ҳам, давлат ҳам, муомилоти пулӣ ҳам бошад ва ҳамаи дигар чизҳои муносиби ҳамон сохти ҷамъиятӣ низ бошанд, инро яқин гуфтани мо душвор аст, аммо дар давраи ҳозира онҳо оид ба чунин як созмони фишор ва иҷбор ба мисли давлат, доир ба чунин як шакли мубориза ба монанди ҷанг тасаввуроте надоранд. Агар ба онон фаҳмонидани моҳияти ҷангу ҷидолҳои беохири мо дар рӯи Замин лозим шуда монад, оё ин кори мо ба назари онҳо чун тарзи бемаънӣ ё, ҳатто, ваҳшиёнаи ҳалли муаммо ҷилвагар намешуда бошад?

Появу ибтидои зиндагонии онҳо дигар аст ва барои мо на чандон фаҳмост ва аз он сабаб, ки мо ба қолаби заминии тафаккур одат кардаем, барои мо чандон дастрас ҳам нест.

Онҳо ба чунин зиннаи идроки дастҷамъонаи умумисайёравӣ расидаанд, ки ҷангро ҳамчун усули мубориза қатъиян истисно мекунад ва аз ин ҷиҳат мо фақат тахмин карда метавонем, ки чунин шакли тамаддун дар доираи ақлраси ҳамаи Коинот бояд муқаддамтарин шакле бошад. Эҳтимол, онҳо ба чунин пояи тараққиёти илм расидаанд, ки инсонпарварона гардидани чӣ вақту чӣ фазо ҳадафи асосии ҳаёти мавҷудоти зинда ва дар айни замон идомаи такомулоту таҳаввулоти ҷаҳон мегардад дар давраи тоза, олӣ ва бепоёни он.

Мо чизҳои қиёснашавандаро ба ҳам андоза кардаӣ
нестем. Солҳо мегузаранду дар Замини мо низ одамон
ба чунин пешрафти куллӣ ноил хоҳанд шуд. Мо ҳозир
низ аз Замини худ ифтихор дорем, бо вуҷуди ин як андеша моро пайваста азият медиҳад: рафту инсоният дар
рӯи Замин ба ақидае, ки таърихи башар гӯё таърихи
ҷангҳост, сахт бовар карда, ба роҳи пурфоҷиаи хато
рафта истода бошад? Рафту ин роҳ ба мисли тангкӯчаи

пешина
аз 293
навбатӣ