Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сарбаста аз азал роҳи ғалат бошад? Дар он сурат мо ба куҷо равонаем ва то ба куҷо хоҳем расид? Ва агар ин роҳ воқеан ғалат бошад, оё инсоният қодир аст ба хатои худ мардона иқрор кунад ва фалокати ҳамағониро пешгирӣ намояд? Мо ба амри тақдир нахустин шоҳидони ҳаёти иҷтимоии берун аз Замин гардидем ва вуҷуди мо саршор аз эҳсосоти мухталиф аст: мо аз ояндаи заминиюн дар ҳаросем ва дар айни замон ноумед ҳам нестем, чунки дар ҷаҳон намунаи зиндагонии бузурги дастҷамъонае ҳаст, ки ҷараёни он аз он шаклҳои ихтилофоте озод аст, ки ҳатман бо ҷангу ҷидол ҳал мешаванд...

Сокинони Пайкараи Чангалистон медонанд, ки дар як гӯшаи фавқулодда дури коинот Замини мо вуҷуд дорад. Онҳо самимона мехоҳанд бо заминиюн робита барқарор намоянд. На фақат аз ҳисси табиии кунҷковӣ, балки қабл аз ҳама, мегӯянд онҳо, ба хотири тантанаи худи падидаи хирад, барои таҷрибаивазкунии тамаддунҳо, баҳри давраи тозае дар инкишофи афкор ва руҳи аҳли хирад.

Пешбиниҳои онон дар ин ҷабҳа назар ба он ки мо ба худ тасаввур карда метавонем, хеле амиқтар аст. Боз як сабаби мароқи онон ба заминиюн дар он аст, ки дар иттиҳоди саъйи ин ду шохаи хиради ҷаҳонӣ онҳо роҳи асосиеро мебинанд, ки дар табиат умри бардавомеро таъмин метавонад кунад, зеро дар назар бояд дошт, ки ҳар гуна неру низ дар ниҳояташ заволе дорад ва ҳар сайёра низ бо мурури замон ба нестӣ хоҳад расид... Онҳо аз муаммои «охирати дунё» миллиардҳо сол қаблан ба ташвиш афтодаанд ва аз ҳоло бо тадоруки лоиҳаҳои оид ба таҳияи мавзеи нави зиндагонӣ барои ҳамаи мавҷудоти Коинот машғул мебошанд...

Онҳо аппаратҳои парвозӣ доранд, ки бо суръати нур мегарданд ва онҳо метавонанд худи ҳозир ба За- мини мо бираванд. Аммо ин корро бидуни ризоият ва даъвати худи заминиён кардан намехоҳанд. Ба рӯи За- мин чун меҳмони нохонда қадам ниҳодан намехоҳанд. Лекин мегӯянд, ки кайҳо инҷониб барои шиносоӣ мав- риди муносибе меҷустанд. Аз он айёме ки истгоҳҳои кайҳонии мо ба ҷисмҳои тӯлиулмуддат амалкунанда дар мадор табдил ёфтанд, онҳо дарёфтаанд, ки рӯзи мулоқот наздик мерасад ва онҳо бояд аз ҷониби худ ташаббусе зоҳир кунанд. Тасодуф ин воқеаро ба зиммаи

пешина
аз 293
навбатӣ