Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
рақобат ва обрӯталошӣ аз нав шӯълавар нагардад. Боз илтимос дорем, ки аз ҳуқуқи вето суистеъмол накунанд ва шояд, ки ҳамин дафъа ба тариқи истисно ин ҳуқуқро аз эътибор соқит эълон намоянд. Дар мавзеи бениҳоят дуродур истода, дар хаёли ин гуна нозуқиҳо будан барои худи мо хеле гарон аст, аммо чӣ кунем, ки мо низ заминием ва аз хулқу атвори заминикии худ басо хуб огоҳем.
Ва, ниҳоят, дар хусуси худамон, боз як бори дигар дар бораи рафтори худамон. Мо ҳис мекунем, ки аз истгоҳи мадорӣ ғайб задани мо чӣ тавр ҳамаро ба изтироб афканд ва пас аз он чӣ гуна чораҳои таъҷилӣ дида шуданд. Бисёр таАССУФ мекунем, ки ба сари шумо ин қадар ташвиш овардем. Аммо он воқеа дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунон як рӯйдоди нодире буд, ки мо наметавонистем ва ҳақ надоштем, аз бузургтарин хидмате дар умри худ даст бикашем. Оре, мо пайравони содиқи интизоми қатъӣ будем, вале маҷбур будем, ба хотири чунин як мақсаде бар хилофи интизом рафтор кунем.
Бигузор, ки ин кирдор бар виҷдони мо лакнате гузошта бошад, бигузор, ки моро подоши сазоворе интизор бошад. Аммо, илтимос, ҳоло ин масъаларо як сӯ гузоред. Диққат кунед! Мо аз Коинот сигнал фиристодем. Мо ба шумо аз системаи афлоки то ҳол номаълум — аз системаи Хуршеди Дастгир пайгом мефиристем. Чангалистонҳои кабдумӯй эҷодкорони олитарин тамаддуни муосиранд. Мулоқот бо онон ба сар то пои зисту зиндагонии мо, дар тақдири ҳамаи навъи одам метавонад табаддулоти куллие ба амал биоварад. Оё мо, албатта, қабл аз ҳама манфиатҳои Заминро риоя намуда, ба чунин иқдоме ҷасорат карда метавонем?..
Сокинони Пайкараи Ҷангалистон ба мо ҳеҷ гуна нияти таҳдид надоранд. Ба ҳар ҳол, хулосаи мо ҳамин аст. Вале мо таҷрибаан онҳоро омӯхта, дар рӯзгори худ дигаргуниҳои бузург ба амал оварда метавонистем: аз ҳосил кардани неру аз муҳити моддии атроф сар карда, то маҳорати зистан бидуни аслиҳа, бидуни зӯрӣ ва фишор, бидуни ҷангу ҷидол. Зиндагонии бечангу чидол ба гӯши шумо аҷибу ғариб мерасад, албатта, вале мо тантанавор шаҳодат медиҳем, ки дар сайёраи Пайкараи Ҷангалистон ҳаёти мавҷудоти соҳибхирад маҳз ба ҳамин суннат ташкил шудааст. Оре, бошишгоҳи ҷангалистониҳо низ дар ҷирми геобиологияш айнан мисли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё