Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
мо вогузошт, чунки ҳамон дам дар муҳити васат — дар истгоҳи мадорӣ мо навбатдор будем...
Ба сайёраи онҳо омадани мо ҳодисаи ҳаяҷонангезе гардид, ки ин ҳол комилан мафҳум аст. Ба ин муносибат системаи умумисайёравии телеконтакташонро ба фазо бипайвастанд, ки ин корро одатан дар айёми идҳои бузургашон мекарданд. Мо дар ҳавои пуринури атрофи худ чеҳраҳо ва ашёҳоеро барало ва гӯё дар паҳлӯи худ медидем, ки дар воқеъ ҳазорон-ҳазор километр аз мо дур буданд. Ва дар айни замон мо ба рӯи ҳамдигар менигаристем, табассум мекардем ва нидоҳои хушҳолона баланд карда механдидем ва сӯҳбат мекардем, гӯё ҳамаи ин ҳангома дар сӯҳбати рӯбарӯи бевосита шуда истода бошад. Мардуми ҷангалистонӣ басе зебо ва гуногунанд, ҳатто ранги осмонии мӯи сарашон ҳам аз нилобӣ то лоҷувардӣ тобишҳои ҳархела дорад. Мардҳо бошанд, чун дар Замини мо, дар пиронсолӣ мӯйсафед мешаванд. Ва навъҳои антропологияшон низ гуногунанд, зеро аз гурӯҳҳои мухталифи нажодӣ ба ҳам омадаанд.
Пас аз баргаштан ба «Паритет» ё ба Замин дар ин хусус ва дар бораи бисёр чизҳои дигари ҳамчунон ҳайратафзо боз нақл хоҳем кард. Аммо ҳоло бояд як нуқтаи хеле муҳимро арз намоем. Ҷангалистониҳо аз мо хоҳиш карданд, ба воситаи системаи алоқаи «Паритет» хабар диҳем, ки онҳо мехоҳанд дар вақте ки барои заминиён қобили қабул аст, ба сайёраи мо бираванд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки қабл аз сафар тарҳи баркарор гардонидани истгоҳи васатии байниситоравӣ муҳокима карда шавад, ки ин истгоҳ дар ибтидо ҳамчун маҳалли мулоқотҳои пешакӣ ва сипас ба сифати қароргоҳи доимии дар роҳи рафтуомадҳои дуҷониба хизмат хоҳад кард. Мо ваъда додем, ки ин пешниҳодро ба маълумоти ҳамзаминон бирасонем. Вақте ба ин муносибат моро андешае ба изтироб овардааст.
Оё мо, заминиён, ба чунин мулоқотҳои байнисайёравӣ омодаем? Оё ҳамчун мавҷудоти соҳибидрок ба дараҷаи лозимаи такомулот расидаем? Дар ҳолати парокандагие, ки мо дорем ва ихтилофоте ки дар байнамон мавҷуд аст, оё қодирем чун воҳиди ягона вақолатдорӣ кунем, худро аз номи ҳамаи навъи башар, аз номи аҳли Замин намоянда эълон намоем? Мо аз шумо илтимос мекунем, ки ҳалли ин масъаларо танҳо ба зиммаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид вогузоред, то ки оташи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё