Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...

Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми таҳҷой, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.

Сеяки роҳи Она-Байт тай шуд. Офтоб аввал аз уфуқ башаст баланд мешуду ҳоло гӯё дар як нуктаие дар осмони Сари Озек қарор гирифта буд. Яъне ки чоштгоҳи калон омад. Ҳаво ҳам ба гармии рӯзонааш расид.

Едигей Бӯронӣ гоҳ ба соат, гоҳ ба офтоб ва гоҳо ба дашти кушоди дар пеш хобида назар афканда, дар дилаш мегуфт, ки ҳоло ҳозир сафарашон мӯътадил давом дорад. Вай ҳамчунон уштурсавор дар пеш меравад, аз дунболи ӯ трактори аробачадор ва аз паси он экскаватори чорчархаи «Беларусь» меояд. Саги сурхмӯй Ҷолбарс бошад, аз паҳлӯ медавад.

«Каллаи одам чизи аҷибе будааст; ақаллан як сония бе фикру хаёл намемонад-е. Ин чиза бисёр ғалатӣ сохтаанд: хоҳӣ-нахоҳӣ аз як фикр фикри дигаре пайдо мешавад ва, аз афти кор, то дами вопасин аҳвол ҳамин аст». Едигей чун дид, ки тамоми роҳ хаёлаш ба ягон чиз банд аст, ҳамеша ва муттасил банд аст, ба ҳамин хулосаи шӯх омад. Чунон ки мавҷҳои баҳр дунболи ҳам мераванд, андешаҳо низ пайи ҳам меоянд. Дар айёми бачагӣ вай соатҳои дароз ба канори баҳри Арал баромада, онро тамошо мекард. Боди сахт вазон бошад, дар дуродур мавҷҳои бузурги кафколуд пайдо шуда, бо суръат пеш меомаданд ва аз ёлҳои сафеду пуркафки онон мавҷҳои тозае тавлид мешуданд. Дар ҳаракати амвоҷ дар айни замон ҳам тавлид ёфтан, ҳам хаставу хароб гардидан ва боз ба дунё омадану завол ёфтани ҷисми зиндаи баҳр дида мешавад. Ва он гоҳ ӯ, писараки майда, орзу мекард, ки ба моҳиҳӯраке бадал шаваду дар фарози мавҷҳо, қатразорони дурахшон ба парвоз дарояд ва ҳаёти ин оби муаззамро аз боло хубтар тамошо кунад.

Манзараи дашти оғози тирамоҳ, дашти кушоду ба андозаи хузнангез бекасу хилват, лӯккаи якмароми уштур Едигей Бӯрониро ба фикру хаёл талқин менамуд ва ӯ низ муқобилат накарда, даст ба домани андеша мезад, хусусан ки роҳи дарозе дар пеш буд ва чизе ба сафари онҳо халал намемерасонид. Қаранор, чунон ки дар

пешина
аз 293
навбатӣ