Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
сафарҳо чунин ҳол рӯй медод, ҳоло аз гашти худ тасфида буд ва аз пайкари вай бӯи тези мушкамезе паҳн мешуд. Ин бӯй аз пушти гарданаш ба димоғ мезад. «Бале, бале, — худ ба худ қаноатмандона табассум мекард Едигей, — маълум мешавад, ки арақ кардай! Миёни поҳоят ҳам пури қафқ шудааст! Ҳа, ҷонвар, ҷонвараки қайсар! Лекин бадкирдорӣ ту, ҳа, бадахлоқ!»
Рӯзҳои гузашта ба хотири Едигей мерасиданд, рӯзҳо, корҳои, воқеаҳои айёме ки Қазонқоп он ғоҳ бақувват буд, сиҳат-саломат буд. Ва баноҳост дар силсилаи ёддоштҳо як хотираи талху пурандӯҳи деринааш ҳам пайдо шуда, ҳавосашро парешон намуд. Едигей ба дуохонӣ даромад, суд накард. Оятҳои медонистагиашро бо овози шунаво такрор ба такрор мехонд, то ки алами он ғуссаи аз нав зиндашударо дуртар биронад, фаромӯш кунад. Аммо дилаш таскин намеёфт. Едигей Бӯрони ғамгин шуд, ба паҳлуҳои уштуре ки бе ин ҳам бо ҳавсалаи тамоми роҳ мепаймуд, бидуни зарурате маҳмез мезад, лапари фуражкаашро ба рӯи чашмонаш кашид ва ба тракторҳои аз дунбол оянда дигар нигоҳ намекард. Аз пас омадан гиранд, бисёр қафо намонанд, шуд. Ин ҷавонҳои хоми рӯзгордидаро ба он қиссаи дерина коре нест. Ба қиссае ки аз он ҳатто ба занаш ҳарфе нагуфтааст, аммо Қазонқоп онро мисли ҳамеша оқилона ва аз рӯи виҷдон анҷом дод. Агар вай ҳамин тавр намекард, Едигей аз дуроҳои Бӯронӣ кайҳо баромада мерафт...
Ҳамон сол, соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу якум, дар охири сол, яъне ки фасли зимистон ба дуроҳа як оила кӯчида омад. Зану шӯю ду писарак. Калонимаш, Даул панҷсола буд, хурдиаш сесола. Эрмек номи хурдиаш. Худи Абӯтолиб Қутлибоев ҳамсоли Едигей буд. Ҳанӯз пеш аз ҷанг дар мактаби овуле як сол муаллимӣ мекардааст, тобистони соли чилу якум, аввалин рӯзҳои ҷанг гирифта ба фронт фиристодаанд. Пас бо Зарифа онҳо дар охири ҷанг ё муддате пас аз он ҳамхона шудаанд. Зарифа ҳам то кӯчиданашон ба ин ҷо муаллимаи синфҳои ибтидоӣ будваст. Инак, онҳоро ба дашти Сари Озек, ба дуроҳаи Бӯронӣ тақдирашон пешандоз карда овардааст.
Аз рӯзи аввал ҳама фаҳмиданд, ки ба дашти хилват онҳо бо ихтиёри худ наомадаанд. Абӯтолиб ва Зарифа дар дигар ҷой ҳам кор ёфта метавонистанд. Аммо вазъият чунон омадазет, ки зоҳиран, илоҷи дигар надоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё