Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ҳамдигар чӣ ҳисобу чӣ кор? Мо худро аз ҳама — ҳам аз хешовандони ман, ҳам аз наздикони ӯ дур мегирифтем. Бовар мекунӣ, бародарам баъди ҷанҷоли охирин бо дасти худаш ариза навишта, гуфтааст, ки вай маро огоҳ кардааст, ба хонадоршавии мо зид баромадааст. Гуфтааст, ки аз баҳри ман барин ҳамшира тамоман баромадааст, дар хусуси Абутолиб Қутлибоев — шахсе ки муддати дарозе дар хориҷа зиндагӣ кардааст, ҳатто ҳоҷати гап нест, гуфта навиштааст. Баъди ин азоби мо аз нав авҷ гирифт. Ба куҷое наравем, дари бастаро медидем. Охири охирон ба ин ҷо афтодем. Аз ин ҷо дуртару мушкилтар ҷое набудагист, ба хаёлам.
Зарифа хомӯш шуду бо шиддат ба зери шпалаҳо сангреза партофтан гирифт. Аз пеш қаторе намоён шуд, ки ин сӯ меомад. Едигей ва Зарифа белу занбарҳояшонро бардошта, ба канори роҳ фаромаданд.
Едигей ҳис мекард, ки ба ин одамон дар ҳоли ҳозираи онон бояд мададе кард. Аммо аз дасти ӯ чӣ коре меомад? Решаи бадбахтиҳои онон дар дигар ҷост, дар ҷоҳои хеле дур аст аз даштҳои Сари Озек.
— Бисёр солҳо инҷониб мо дар ин ҷо зиндагонӣ мекунем. Шумо ҳам одат мекунед, сони осонтар мешавад. Лекин зиндагӣ кардан даркор,— рост ба рӯи Зарифа чашм дӯхта, таъкид намуд ӯ, вале дар дилаш гуфт: «Ҳа-а, нони ин даштро хӯрдан ҳунари ҳар кас нест. Рӯзи зимистон омада буд, чеҳрааш сап-сафед буд, акнун ранги рӯяш ба мисли хокистар.— Аз тадриҷан костани ҳусни зан худ ба худ таассуф мекард Едигей.— Чӣ хел кокулони зебо дошт, акнун рангаш паридааст, ҳатто мижагонаш дар оташи офтоб сӯхтаанд. Лабонаш парсинг бастаанд, бечора азоб мекашад. Ба ин гуна зист одат накардааст-дия. Лекин тоқат мекунад, сар намефарорад. Хайр, охир, дигар чӣ илоҷ ҳам дорад? Модари ду фарзанд бошад... Ҳалолаш буд...»
Ин лаҳза қатори навбатии наздик омаду ҳавои ночунбони тафсонро ба ҳар сӯ такон дода, ба мисли гумбуроси оҳанину оташини автомат такарроззанон гузашту рафт. Онҳо асбобҳои худро бардошта, боз ба сари роҳ баромаданд, то ба корашон идома диҳанд.
— Гӯш кун, Зарифа, — гуфт Едигей, ки мехост ӯро андаке таскин бубахшад, бо тақдираш созиш бидиҳад.— Аҳволи бачаҳо дар ин ҷо, рости гап, бисёр вазнин, ҷон баҳс не. Ба ҳолашон назарам афтад, дили худам реш-реш мешавад. Аммо ин гармои зормонда як умр ҳамту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё