Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
намемонад-ку. Ин ҳам мегузарад. Сонӣ, дурусттар фикр кунӣ, шумо дар дашти Сари Озек танҳо намондаед, дар атроф одамон ҳастанд, нағз ё ганда — мо ҳастем. Модом ки ба сар омадааст, аз гусса хӯрдан чӣ фоида?
— Ман ҳам, Едике, ба вай ҳамина мегӯям. Кӯшиш мекунам, ки аз даҳанам як калимаи барзиёд набарояд. Ман, охир, дида истодаам, ки аз дилаш чӣҳо мегузарад...
— Боракалло. Мақсади ман ҳам, Зарифа, ҳамин буд. Қайҳо боз фурсати муносибро махтал будам. Э аз худат гап намемонад. Мавридаш омаду гуфтам. Ба дилат нагир.
— Баъзан тоқатам тоқ мешавад. Ҳам ба ҳоли худам дилам месӯзад, ҳам ба ҳоли вай, аз ҳама зиёдтар — ба ҳоли бачаҳо. Айби вай набошад ҳам, худашро гунаҳгор медонад, ки моро ба ин ҷо овардааст. Ва илоҷе ҳам надорад. Дар ватани мо, дар доманаи кӯҳсору канори наҳрҳои Алатов обу ҳаво ҳам дигар аст, зисту зиндагӣ ҳам. Қошки ақаллан бачаҳоро тобистон ба он ҷо фиристода метавонистем! Лекин ба назди кӣ мефиристем? Падару модарон қайҳо вафот кардаанд. Бародарон, хоҳарон, хешу ақрабо ҳастанд... Барои онҳо ҳам осон не, дахмасаи сар ба кӣ даркор? Пештар ҳам рӯи хуш намедоданд, акнун бошад, ҳоҷати гап не. Бачаҳои моро ба сарашон мезананд? Ана ҳамин хел худ ба худ гусса мехӯрем. Ошкоро аз ин хусус гап назанем ҳам, биме дорем, ки мабодо ҳамаи умр дар ин ҷо бимонем. Ман аён мебинам, ки шавҳарам чӣ гуна азоб мекашад. Худо медонад, фардо чӣ хоҳад шуд...
Сукути гароне ба миён омад. Дигар аз ин боб ҳарфе нагуфтанд. Кор мекарданд, то гузашта рафтани қаторҳо ба каноре баромада меистоданд ва боз кори худро идома медоданд. Хайр, дигар чӣ чора? Боз чӣ гуна тасалло метавон дод, ин бахтбаргаштагонро боз чӣ мададе метавон кард? «Хатари бенавой аз сарашон дур, — фикр мекард Едигей, — дукаса кор мекунанд, рӯзашон мегузарад. Касе онҳоро ба ин ҷо бадарға накардааст, ва аз ин ҷо на фардо роҳи гурез хасту на пасфардо».
Ва Едигей ба ҳоли худ тааҷҷуб мекард, ки аз барои ин оила ин қадар ғусса мехӯраду ранҷ мекашад, гӯё тақдири он шахсан ба ӯ дахл дошта бошад. Кӣ метаванд онон ба вай? Охир ӯ, рости гап, метавонист ба худ бигӯяд, ки «ин кор — кори ман нест. Ба ман чӣ?» Дар воқеъ ҳам, худи ӯ кист ва чӣ ҳақке дорад, ки дар хусуси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё