Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

магар ҷуръат карда, роҳи хилвати дарозу дури Сари Озекро пеш мегирифт?!

Ҳамон сол Окмоя бебор монда буд, пас аз дута зондан дам мегирифту савории хеле хушгаште шуда буд. Окмоя уштури сафедранги газғӯште буд, поҳои дарози неруманде дошт, ки кафҳошон аз мурури солҳо ва гаронии борҳо ҳанӯз кӯфтаву фасурда нашудаанд, балки қоиму гироанд; кӯшкӯҳои маҳкамаш, сари дилкашу гардани сермушаки пуриқтидораш ба хуснаш ҳусну меафзуд; ҳангоми давидан парраҳои нозуки биниаш болҳои шабпараквор ба ҷунбиш меомаданд...

Уштури сафед Окмоя ба баҳои як рама гӯсфанд меарзид. Ба ивази ин ҷонвари бодпо, ки дар айни камолоти умраш буд, даҳҳо сар чорвои калон медоданд, то онро ба гала андохта, зоти хуш ба даст оранд. Модауштури хушсиришт охирин дурдонае буд дар бисоти Найман-Она, вопасин нишонае аз сарватҳои дирӯзаи ӯ. Дигар ҳамаи молу мулк ба мисли чирки даст гум шуду бирафт. Ба адои қарзҳо бирафт, ба хароҷоти рӯзи чил, оши сол. Ба ҳамин қарибӣ ҳам ба ёдбуди писараш маъракаи калоне биоросту мардуми зиёде омаданд, ҳамаи найманҳои гирду атроф ҷамъ омаданд. Ҳа, ба ёдбуди писар, ҳамон писаре ки ба доғи ҳасраташ тоб оварда натавониста, модар ба ҷустуҷӯи нишонаш баромаданист.

Бомдодон Найман-Она аз хайма баромад. Ӯ ба сафар омода буд. Аз остона як қадам берун ниҳоду ба дар такя намуд ва овули ба хоб рафтаро аз назар гузаронида, ба хаёл рафт. Ҳусни пешина андоми ӯро ҳанӯз тарк накарда, қоматаш ҳанӯз боло ва расо, миёнашро, чунон ки қабл аз сафари дуру дароз шояд, бо фӯтае баста буд. Ба пояш мӯза, ба танаш шолвор ва аз болои курта камзули беостин пӯшида, ҳуллаи барқаде ба сари китф андохта буд. Ба сараш рӯймоли сафеде партофта, гиреҳи онро аз паси гардан баста буд. Ҳа, дар анҷоми андешаҳои шабонааш ба ҳамин қарор омада буд, модом ки аз зинда дарзёв кардани писар умед накандааст, ҳоҷат ба либоси мотам нест. Ва агар мабодо умедаш бар ҳадар биравад, ба сар гирифтани он рӯймоли сиёҳи бадфол ҳаргиз дер намешавад. Дар ҳавои нимторики субҳгоҳон мӯйҳои сафед ва нақши мусибатҳои дилфигори модар — чинҳои амиқи чеҳраи андӯҳбори ӯ чандон аён ба назар намерасиданд. Аз андешаҳои гарон чашмонаш нам гирифтанд ва ӯ оҳи вазнине, кашид.

пешина
аз 293
навбатӣ