Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Кай дар гӯшаи хаёлаш буд, ки чунин рӯзе ҳам ба сараш мерасад? Лекин модар худро ба даст бигирифт. «Ло илоҳа иллоллоҳ»— зери лаб пичирросзанон хонд оғози нахустин оятро ва бо қадамҳои қатъӣ ба уштураш наздик омада, «чих, чих» — гӯён онро ба зону биншонид. Оқмоя аз рӯи одаташ ва бештар барои зебаш лаҳзае гул-гулкунон наъраи пасте кашиду пас сина бар замин ниҳод. Найман-Она зуд хӯрчини калонро ба рӯи зин партофта, ба уштур савор шуд ва чугӯён амр бидод, ки аз ҷой бархезад. Уштур поҳои худро рост намуд ва соҳиби худро бар ҳаво бардошт. Оқмоя акнун пай бурд, ки ӯро сафар дар пеш аст...
Аз ин воқеа касе дар овул хабар надошт. Фақат хоҳарзодаи шавҳараш, ки надимааш буд, дам ба дам ҳамӯёза кашида, ӯро ба сафар гусел менамуд. Ба вай ҳанӯз бегоҳи рӯзи гузашта гуфта буд, ки ба назди тӯркунҳо — хешовандони падару модари худаш ба меҳмонӣ рафтанист ва аз он ҷо агар дастаи сайёҳон дучор ояд, ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба зиёрати оромгоҳи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ хоҳад рафт...
Найман-Она бармаҳалтар ба роҳ баромад, то одамон бо пурсупосашон заҳмат надиҳанд. Аз овул дуртар рафта, баъд сари уштурро ба сӯи дашти Сари Озек гардонид, ки тарҳи норавшанаш дар уфُқи дуродур ва сокит базӯр фарқ карда мешавад...
Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...
Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми таҳҷой, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.
Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси дур ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гриневич чен мекунанд...
Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...
Аз саҳни киштии ҳавопаймобари «Конвенция» ба унвони кайҳоннавардони муфаттиш дар қароргоҳи мадории «Паритет» боз як радиограммаи махфӣ фиристода шуд. Дар ин радиограмма низ бо ҳамон лаҳни огоҳии қатъӣ пешниҳод мешуд, ки бо паритет-кайҳоннавардони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё