Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
омада дар баҳри Арал мекарданд, дар ин ҷо, дар зери селоби борон мерақсиданду фарёд мезаданд! Ба сари онон аз осмон борон не, файзу неъмат меборид, барои онон ин борон набуд ид буд, ид! Бечораҳо, дар биёбони Сари Озек ба қатраҳои борон ин қадар пазмон шудаанд. Дили Едигей ҳам шод шуд, ҳам ғамгин, вай ба ҳоли ин одамини аз ёру диёр дурафтода, ки аз як лаҳза хушнудӣ дар дуроҳани Бӯронӣ ин қадар сарфарозиҳо доштанд, ҳам механдид, ҳам таАССУФ мехӯрд.
— Едигей! Биё ба пеши мо! — аз қабати сеоб фарь- ёд кард Абутолиб дастони худро мисли шиноварон ҳа- ракат дода.
— Амаки Едигей! Амаки Едигей! — баробар дод гуф- танд ҳар ду писарак ва бо шодмонӣ ба сӯи ӯ давиданд.
Писараки хурдӣ, Эрмеки сесола, ки Едигей бештар дӯсташ медошт, дар ҳолате ки даҳонаш калон кушода буду дам ба дам об ба гулӯяш мерафт, оғӯши худро кушода, ба сӯи вай медавид. Чашмонаш аз ифодаи шӯ- хиву бебокӣ ва шодмонии тасвирнопазир моломол бу- данд. Едигей ӯро озод ба даст бардошта, чанд бор дар ҳаво чарх занонид. Ва намедонист, ки боз чӣ коре ку- над. У нияте надошт, ки ба бозию шӯхии оираи онҳо шарик шавад. Аммо дар ин асно духтарони Едигей Саула ва Шарофат чирросзанон аз паси иморат баро- мада омаданд. Онҳо аз доду фарёди Кутлибоевҳо ха- бар ёфта омадаанд ва низ шоду масрур буданд. «Ота, биё, дав-давакон мекунем!» — талаб намуданд онҳо ва дудилагии Едигей бо ҳамин ба охир расид. Акнун ҳама якҷоя зери борони сел хандаву бозӣ мекарданд.
Едигей Эрмеки майдаякро аз даст намегузошт, то дар ин шӯру валвала ба селоба афтода, нафасаш на- гардад. Духтарчаи хурдии ӯ Шарофатро Абутолиб ба пушташ савор кард. Ба ҳамин тарика онҳо ба хотири дилхушии бачаҳо медавиданду мечахиданд. Эрмек дар сари дасти Едигей ҷастухезҳо мекард, бо ҳамон овоз фарёд мекашид ва ҳар гоҳ, ки ба даҳонаш об дарома- ду ба гулӯяш рафт, зуд рӯи тари худро ба гардани Еди- гей ҷафс менамуд. Дили Едигей аз ин ба риққат ме- омад. Вай ду-се маротиба пай бурд, ки Абутолиб ва За- рифа ба сӯи вай нигоҳҳои дурахшони сипосдорона ме- дӯзанд: онҳо хушнуданд, ки писаракашон бо амаки Еди- гей ин қадар хуб бозӣ мекунад. Лекин ҳангомае ки оилаи Кутлибоев дар зери борон барпо карда буд, ба Едигей ва духтаракони ӯ низ писанд омада буд. Ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё