Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
фиристоданд. Сонӣ ҳамаи занонро рухсат доданд: кӯдаконашон низ дар хона аз гармо дар азоб буданд. Танҳо мардон монданд ва ҳамаи сиву ду рағашонро якҷоя карда, корро ба сомон расониданд.
Рӯзи дигар, яъне ҳамон рӯзе ки мебоист борон мебо-рид, каторе бо вагонҳои холӣ ба сӯи Қумбел мегузашт. Вақте ки паровоз вагонҳоро ин сӯву он сӯ кашола кар-да, саф мебаст, Едигей гӯё ба ҳаммоми сарбозон даро-мада бошад, аз ҳавои даму гарм нафастанг мешуд. Агар ҳаво соф мешуду офтоб месӯзонид, аз ин беҳтар буд. Илова ба ин машинист ҳам чунон камҳавралан сусткор будааст, ки гӯё уштурро бо кафлес об медод. Аз афташ, фикр намекард, ки так-таки вагонҳо дукат шуда гардӣ, очаи зоратро мебинӣ. Едигей машинистро як дашноми болохонадоре дод. Вай ҳам ҷавоби муноси-бе гуфт. Дар дами алавхонаи паровоз аҳволи вай ҳам сабук набуд. Аз шиддати гармо ҳама ба ҷон расида бу-данди. Хайр, шукри худо, қатор вагонҳояшро кашола карда рафт. Ва банохост борони сел омад. Гӯё осмон сӯрох шуду замин ларзид ва дар як сония сатҳи он аз ҳубобу кӯлакҳо пур гардид. Борон ҳай мебориду ме-борид. Борони шиддатноки ҷунуномезе ки, агар гуфта-ҳои Елизаров дуруст бошанд, захираҳои рутубат ва ҳа-вои серунро аз қуллаҳои пурбарфи Ҳимолой бардошта омадааст... Уҳ, ӯҳ, ана Ҳимолою мана Ҳимолой! Ана шиддату мана қудрат!
Едигей ба сӯи хонааш давид. Лекин худаш намедонад, ки барои чӣ давид. Эҳтимол, бесабаб давид. Охир, одатан одам ба зери борон монад, зуд ба сӯи хонааш метозад ё ба зери ягон боми дигар. Оре, ин одати одамист, вагарна аз чунин борон гурехтан чӣ лозим? Вай ин нуктаро вақте дарк намуд ва аз давидан бозистод, ки манзараи ғалатие ба чашмаш расид: ҳамаи хонаводаи Қутлибоевҳо — Абӯтолиб, Зарифа ва ҳар ду писарашон — Даул ва Эрмек дар назди хонаи худ дасти ҳамдигарро дошта мерақсиданду частухез мекарданд. Едигей моту мабҳут гардид. На аз он сабаб, ки ин мардум аз борон хушҳолӣ мекарданд. Барои он ки Абӯтолибу Зарифа ҳанӯз қабл аз борон аз болои роҳи оҳан қадамҳои калон-калон партофта, ба хонаи худ мешитофтанд. Едигей акнун пай бурд, ки онҳо мехостанд ҳама якҷоя, ҳамроҳи кӯдаконашон, тамоми хонавода ба таки борон бароянд. Ба гумон буд, ки чунин нияте ба хотири Едигей бирасад. Онҳо бошанд, чунон ки ғозҳои аз дуродур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё