Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

истгоҳ аз Қизил Ӯрда тарбузу харбуза омадааст. Бӯрониҳо хоҳанд, ҳаққашонро худашон омада бигиранд, нахоҳанд, ба дуроҳа мефиристанд, гуфтаанд. Едигей аз маврид истифода бурда, сардори дуроҳаро розӣ кунонид, ки ба Қумбел худашон бираванд, вагарна аз рӯи зарбулмасали «Ҳозирро ҳузур, ғоибро маъзур» амал хоҳанд кард. Сардор розӣ шуд. Биравед, гуфт, ҳамроҳи Кутлибоев бираведу нағз-нағзаша ҷудо карда гиред. Едигей ана ҳаминро мехост. Мехост, ки Абӯтолиб ва Зарифаро бо кӯдаконашон ақаллан як рӯз бошад ҳам, аз Бӯронӣ берун барад. Худаш ҳам каме ҳавои тоза хӯрад, бад намешуд. Ва ҳар ду оила ҳамаи бачаҳоро гирифта, саҳарӣ ба қатори роҳгузар савор шуданду ба Қумбел рафтанд. Ҳама либосҳои тоза пӯшида буданд. Саёҳати аҷибе шуд. Бачаҳо хаёл мекарданд, ки ба кишвари афсонавӣ равонанд. Аз сар то охири сафар хурсандӣ мекарданд, калонсолонро саволборон менамуданд: дар он ҷо дарахт мерӯяд? Мерӯяд. Алафи кабуд ҳаст? Алафи кабуд ҳам ҳаст. Ҳатто гулҳо мерӯянд. Хонаҳо калон-калон будагистанд? Дар кӯча мошинҳо мегарданд? Чӣ қадар ки хоҳӣ, харбузаву тарбуз ёфт мешавад? Хӯш, яхмос чӣ? Баҳр чӣ? Баҳр ҳам ҳаст?

Аз дари вагон, аз таку болои чапараке ки барои эҳтиёти бачаҳо ба даромадгоҳ монда буданд, боди форам зада медаромад. Едигей ва Абӯтолиб дар пеши дар болои куттиҳои холӣ нишаста, аз ҳар боб сӯҳбат мекарданд, ба саволҳои бачаҳо ҷавоб медоданд. Едигей Бӯронӣ хурсанд буд, ки ҳамагӣ якҷоя мераванд, ҳаво ҳам хуб омад, бачаҳо низ хушнуданд. Лекин ӯ аз бачаҳо дида, бештар аз барои Абӯтолибу Зарифа хурсанд буд. Чеҳраи онон кушода шуд. Лоақал ба муддате аз ғаму ташвиши доимӣ, аз фишори андешаҳои гарон озод шуданд бечораҳо.

Зарифаю Уқубала ҳам аз ҳар гуна кору бори рӯзгорашон сӯҳбати гарме доштанд. Димоқашон чок буд. Охир, бояд ки ҳамин тавр бошад, барои хушҳолии одам чандон чизи бисёр зарур нест... Едигей самимона мехост, ки Қутлибоевҳо ҳамаи нохушиҳояшонро фаромӯш кунанд, модом ки илоҷи дигаре ба назар намерасад, ба зисту зиндагонии дуроҳаи Бӯронӣ одат кунанд, дар ҷои навашон реша давонанд. Ба Едигей хуш меомад, ки Абӯтолиб дар паҳлуяш, дӯши ба дӯш нишастааст ва ҳис мекунад, ки ба Едигей эътимод метавон кард, ва онҳо дили ҳамдигарро бидуни гапи бисёр мефаҳманд,

пешина
аз 293
навбатӣ