Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар гирудори зиндагӣ ба мавзӯъҳои дарднок даст намезананд. Ақлу идроки Абӯтолиб, тамкини ӯ ва хусусан дилбастагии ӯ ба оилааш Едигейро маъқул буд. Абӯтолиб ба хотири оилааш мезист ва аз ҳамин садоқати худ илҳому қувват гирифта, ба мушкилиҳо тан намедод. Едигей суханҳои ӯро мулоҳиза карда, ба натиҷае меомад, ки беҳтарин хизмати инсон ба дигарон ба воя расонидани фарзандони хуб аст. Аммо ба мадади дигарон умед набаста, балки худаш ҳар рӯзу ҳар соат, дар ҳар қадам бо ин кор машғул бошад, ба қадри имкон бештар ҳамроҳу ҳамдами бачаҳо бошад.

Собитҷон чӣ? Дар куҷоҳо нахонд? Аз хурдсолиаш ба интернатҳо мерафт, дар институтҳо, курсҳои такмили ихтисол таҳсил кард. Бечораи Қазоқпӯп ҳамаи ёфтаву тофтаашро сарфи писар мекард, то ки зиндагии Собитҷонаш аз дигарон камтар набошад. Аммо оқибат чӣ шуд? Аз ҳама гап бохабару як пула одамигарӣ надорад.

Инак, Едигей ҳангоми сафар ба Кумбел, даме ки барои харбузаву тарбуз мерафтанд, ба чунин хулосае омад, ки модоме тадбири дигаре нест, Абӯтолиб Кутлибоев бояд дурусттар сокини дуроҳаи Бӯронӣ шавад. Рӯзгорашро сару сомон диҳад, чорво парвариш кунад ва ба қадри ҳолу тавонаш писарони худро дар ин дашти Сари Озек тарбия кунад. Рост, ки Едигей ба ӯ насиҳат накард, рӯирост маслиҳат надод, лекин аз рафти сӯҳбат пай бурд, ки худи Абӯтолиб низ ҳамин гуна нияте дорад. Ба Едигей савол медод, ки чӣ қадар картошка захира кардан лозим, барои зимистон ба зану бачаҳояш мӯзаи намадиро аз куҷо ёбад (майлаш, гуфт ӯ, худам бо мӯзаи муқаррарӣ рӯз гузаронидан мегирам). Боз пурсид, ки оё дар Кумбел китобхона ҳаст ва ба коргарони дуроҳаҳо аз он ҷо китоб медиҳанд?

Бегоҳии ҳамон рӯз тарбузу харбузаи барои бӯрониҳо додан шуъбаи таъминоти коргаронро ба қатори роҳгузаре бор карда, ба хона баргаштанд. Бачаҳо андаке хаста шуданд, албатта, лекин аз саёҳат хушҳол буданд. Кумбелро тамошо карданд, ҳар гуна бозичаҳо хариданд, яхмос хӯрданд ва ғайра. Фақат дар сартарошхонаи истгоҳ як воқеаи майдае шуду гузашт. Ба он ҷо писарчаҳоро барои мӯйсаргирӣ оварданд. Навбат ба Эрмек расиду вай гиря кард, сони чунон доду фарёде бардошт, ки ҳеҷ илоҷи ба роҳ андохтанаш набуд. Ҳама азоб кашиданд, бача бошад, аз усто метарсид, аз дасти ӯ гурехтанӣ мешуд, дод гуфта, падарашро чеғ мезад.

пешина
аз 293
навбатӣ