Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
қоим шуда буд. Хонаи худро барои зимистон гарм карданд, картошка захира намуданд, барои Зарифа ва писаракон мӯзаҳои намадин хариданд, як халта орд оварданд. Ордро аз Қумбел, аз шӯъбаи таъминоти коргарон худи Едигей ба Қаранор бор карда овард, ки дар айни ҷӯшу хурӯши қувваи ҷавонмаш буд. Абутолиб вазифаи худро дар роҳи оҳан ба ҷо меовард ва ҳамаи вақти холиашро мисли пештара бо бачаҳо мегузаронид ва шабонгоҳон ба пештахтаи тиреза чароғ монда, сар набардошта менавишту менавишт.
Боз ду-се оилаи коргарон буданд, лекин аз қиёфаашон аён буд, ки дар ин дуроҳа ҳамаи онҳо меҳмононанд. Сардори ҳамонвақтии дуроҳа Абилов одами ганда набуд. Касе аз бӯрониҳо касал набуд. Кор идома дошт. Бачаҳо калон мешуданд. Ҳамаи корҳои қабл аз зимистонии оид ба таъмири роҳи оҳан ва муҳофизати он аз барф сари вақт анҷом меёфтанд.
Ҳавои дашти Сари Озек бисёр хуш омад. Аз нафаси тирамоҳ ҳама ҷо ба мисли пуштаки нон ранги дорчинӣ гирифт. Сонӣ зимистон омад. Рӯи заминиро кӯрпаи барф пӯшонид. Ба кадом тараф нанигаристӣ, ҳама ҷо сап-сафед, назаррабо менамуд. Ва аз мобайни биёбони сокиту сафед хатти сиёҳи роҳи оҳан тӯл мекашид ва аз болои он чун ҳамеша қаторҳо мегузаштанд ва мегузаштанд. Ва дар паҳлӯяки ин роҳи серҳаракат, дар миёни теппаҳои барфин қарияи майдаяке — дуроҳаи Бӯронӣ ҷой гирифта буд. Чанд хонаи истиқоматӣ ва чанд кулбаи дигар ва ғайра... Мусофирон аз даруни вагонҳо ба ин кулбаҳо як назари бепарвоёна меафкандандӣ гузашта мерафтанд, ё худ дар дили баъзе аз онон ба ҳоли сокинони дурафтодаи дуроҳа як лаҳза эҳсосоти шафқаттомез бедор мешуду хомӯш мегардид...
Аммо он назари шафқатомези даргузар беҳиҷат буд. Бӯрониҳо соли хуберо паси сар мекарданд, ба истиснои ҳамон гармои даҳшатангези тобистонаш, ки он ҳам гузашту рафт. Зиндагонии давраи баъди ҷанг дар ҳама ҷо бо душвориҳо бошад ҳам оҳиста-оҳиста беҳтар мешуд. Гап-гап буд, ки аз соли нав нархи озуқа ва молҳои саноат боз арзон мешавад. Магазинҳо аз ҳама чиз пуру пемон набуданд ҳам, вазъият сол аз сол беҳтар мегардид...
Бӯрониҳо одатан ба Соли нав чандон эътибор намедоданд, сари соли нимишабиро бесаброна мунтазир намешуданд. Кор дар дуроҳа сарфи назар аз ҳар гуна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё