Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

воқеот давом мекард, қаторҳо доимо дар ҳаракат буданд ва коре надоштанд, ки Соли нав дар куҷо ва кай фаро мерасад. Илова бар ин дар фасли зимистон ташвиши рӯзгор меафзуд. Печкаҳоро олав мондан лозим, чорпоён чӣ дар саҳро ва чӣ дар оғилҳо нигоҳубини бештар талаб мекунанд. Кас субҳ то шом ҷунбуҷӯл карда, хаста мешавад ва мехоҳад зудтар ба ҷойгоҳ даромада, истироҳат кунад.

Солҳо ба ҳамин тариқа мегузаштанд...

Лекин арафаи соли панҷоҳу сеюм дар дуроҳаи Бӯронӣ иди ҳақиқӣ барпо шуд. Ташаббускори ид, албатта, оилаи Қутлибоев буд. Едигей ба тайёрии Соли нав фақат дар анҷомаш шарик шуд. Кор аз он сар шуд, ки Қутлибоевҳо барои бачаҳо арча оростанӣ шуданд. Аммо дар биёбони Сари Озек арчаро аз куҷо меёбӣ? Дар ин ҷо тухми динозаврро ёфтан осонтар аст. Воқеан Елизаров дар сар то сари биёбони Сари Озек дар пайроҳаҳои геологии худ гашта-гашта, чанд тухми миллионсолаи динозаврро пайдо карда буд. Ҳар кадоми он ба тарбузи калон баробар меомад, лекин санг барин сахт шуда буд. Бозёфти ӯро ба Алма-Ато бурда, дар музей гузоштанд. Дар рӯзномаҳо ахборот нашр карданд.

Ба Абӯтолиб Қутлибоев лозим омад, ки ба сармо нигоҳ накарда, ба Қумбел биравад ва комитети маҳаллии иттифоқи касабаро навъе карда, розӣ кунонад, ки яке аз панҷ дона арчаи ба ҳамин қадар истгоҳи бузург омадаро ба дуроҳаи Бӯронӣ бидиҳад. Ҳамаи ҳангома аз ҳамин арча сар шуд.

Едигей дар назди анбор истода, аз сардори дуроҳа дастпӯшакҳои нав мегирифт, ки дар ин асно ба роҳи якум қатори боркаши вагонҳояш саросар барфолуд даромада, тормозҳои аз сармо хунук шудаашро ғиҷирросзанон қарор гирифт. Қатори дарозе буд ва ҳамаи вагонҳояш чаҳортира буда, ба дарҳошон тамғаи сурби овезон буд. Аз айвончаи кушоди вагони охирин поҳои аз хунуки қарахтшудаи худро базӯр ҷунбонида, Абӯтолиб фаромад. Кондуктори қатор, ки низ дар ҳамон айвонак меистод, аммо пӯстини васеи бузурге пӯшида, гӯшакҳои телпаки мӯинаашро аз таки манаҳ зич баста буд, ноҳинҷорона ҷунбида, як чизи калонро ба ӯ дароз мекард. «Арча овардааст» пай бурд Едигей ва ба тааҷҷуб афтод.

— Ҳой Едигей! Ҳой Бӯронӣ! Ин ҷо биё, ба ин мардак

пешина
аз 293
навбатӣ