Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тираи уштуронро дид. Онҳо зери партави моҳ дар мобайни дашт ночунбон истода шаб мегузаронданд. Ва аз байни онон Едигей уштури каллакалону дукӯҳони худро шинохт, ки дар Сари Озек тавонотарин ва хуш- рафтортарини уштурҳо буд ва бо соҳибаш ҳамлақаб бу- да, Қаранори Бӯрониаш мехонданд. Едигей онро дӯст медошт, фахр мекард. Дар нерӯ беназир буд, аммо, рос- ти гап, идора карданаш ҳам осон набуд, чунки Қаранор айғир буд, Едигей дар хурдиаш ахта накард, сонитар ба ин кор дасту дилаш нарафт.

Едигей дар дилаш гуфт, ки фардо дар қатори дигар корҳо бояд барвақттар Қаранорро ба хона оварда, зин занад. Барои саворӣ дар маросими ҷаноза даркор ме- шавад. Ба сари Едигей боз ҳар гуна андешаҳо меома- данд.

Сокинони дуроҳа ҳанӯз дар хоби роҳат буданд. Қа- сабаяки Бӯронӣ аз чанд бинои хурди идора, шаш хонаи бомаш шиферпӯш, ки як вақтҳо идораи роҳи оҳан сох- та буд, аз хонаи бо дасти худ бино кардаи Едигей ва кулбаи поҳсагини Қазонқоп иборат буду бас. Оташдон- ҳои дар саҳни ҳавлиҳо, ҳар гуна хонача ва анборакҳои ин ҷо-он ҷо воқеъ гашта, ҳисоракҳои девораш най ба- рои нигоҳ доштани чорво ба ин ҳисоб, албатта, наме- дароянд. Дар мобайни касаба бинои насоси обкашак во- қеъ буд, ки чархҳои онро бод ба гардиш меовард ва лозим шавад, насоси электрро ба кор меандохтанд. Дар худи ҳамон ҷо обкашаки дастӣ ҳам буд, ки солҳои охир пайдо шуда буд.

Хулосаи гап, ин касаба дар сари роҳи бузурги оҳан, дар адл миёнаи дашти бузурги Сари Озек воқеъ гашта буд ва ҳалқаи майдаяке буд дар силсилаи чун рагҳои хунгузар сершохан дуроҳаҳо, истгоҳҳо, марказҳо ва шаҳ- ру қарияҳои дигар... Ҳа, дар як ҷои кушод, дар гузар- гоҳи ҳаман бодҳои олам ва хусусан бодҳои зимистонӣ воқеъ гашта буд, ки бӯронҳои он манзилгоҳҳои Сари Озекро то ба тиреза аз барф пур мекард ва дар сари роҳи оҳан теппаҳои баланди барфин месохт... Ана аз ҳа- мин сабаб ин дуроҳаи даштӣ Бӯронлӣ — Буранный ном дошт ва лавҳаи номаш ҳам ба ду забон навишта шуда буд: ба забони қазоқӣ Бӯронлӣ, ба русӣ — Буранный...

Пеш аз он ки дар роҳҳо ҳар гуна мошинҳои барфто- закунак — мошинҳое, ки барфро фурӯ кашида, сони тир- вор ба як тараф пуф мекунанд ва мошинҳое, ки бо теғ- хои азимашон барфро тела дода, ба канор мебаровард,

пешина
аз 293
навбатӣ