Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қабл аз он ки ин хел ва дигар гуна мошинҳо пайдо шаванд, ба Қазонқоп ва ӯ лозим омада буд, ки бо барфтудаҳои сари роҳ ҷони худро ба каф гирифта талош кунанд. Гӯё ки то ҳамин қарибиҳо аҳвол чунин буд. Зимистони солҳои панҷоҳу якум ва панҷоҳу дуввум басо қаҳратун омада буд. Дар майдони ҷанг гоҳо ҳамин гуна ҳоле ба миён меомад, ки одам бояд ҳаёту мамоти худро ба адои як супориш ҳарҷ кунад, масалан, барои як ҳамла, барои як даста граната партофтан ба зери танки душман... Дар ин ҷо ҳам аҳвол ҳамин гуна буд. Касе дар қасди ҷони онон наафтода бошад ҳам, худашон ҷон ба каф гирифта, кор мекарданд. Чӣ қадар барфтӯдаҳоро дастӣ бел мекарданд, бо чанаю чигинаҳо мекашониданд ва ҳатто дар километри ҳафтум, он ҷое ки роҳи оҳан аз пастӣ, аз мобайни теппаи бурида мегузарад, барфро ба халтаҳо андохта, ба боло, ба сари теппа мебароварданд. Ва ҳар дафъа ба назарашон чунон мерасид, ки ин охирин талоши онҳост бо гирдбоди бӯронӣ ва аз ин сабаб рамаке ба ҷонашон намонд ҳам, бояд талош кунанд, коре кунанд, ки фарҷёди паровозҳоро дар ин дашти бекарон, «Роҳ диҳед! Ро-ох!» гӯён дод гуфтани онҳоро дигар нашунаванд!

Аммо он барфҳо об шуданд, он қаторҳо ва он солҳо гузашта рафтанд... Акнун касе ёди онҳоро намекунад. Гӯё афсона барин, буду набуд. Кормандони роҳ акнун ба ин ҷо аз маврид ба мавриде меоянд. Инҳо, бригадаҳои нозирону таъмиргарон ҳамагӣ одамони серғавғоянд, нақл кунӣ, бовар намекунанд, ба худ тасаввур карда наметавонанд, ки роҳи оҳанро дар Сари Озек барф зер мекардаасту фақат чанд нафар бел дар даст онро тоза мекардаанд! Муҳобот накунед-е!— мегӯянд онҳо. Баъзеҳошон рӯирост масхара мекунанд: чӣ зарур буд ба ҷонатон? Кӣ шуморо маҷбур кард, ки худатонро азоб дода, ҷон ба таҳлука андохта, ин корро кунед? Ба хотири чӣ? Ҳамин корро ба мо супоранду ҷавоб шунаванд, ҳа! Бардоред дову дастгоҳатона, ба саратон занед, мегуфтему баромада мерафтем, ҳеҷ набусад, ба ягон сохтмон ё ҷои дигар мерафтем, ки тартибу интизом бошад. Яъне фалон қадар кор кардӣ, марҳамат, ҳаққата бигир. Мабодо ягон кори фаврӣ баромада монад, марҳамат, мардумро ҷамъ кунед, аммо ҳаққи иловагиро тайёр кунед... «Шумо, пиракиҳоро аҳмак ёфтаанд, сазои саратон, ҳамин тавр гӯлу гумроҳ мурда меравед!..»

Аз ҳамин қабил маҳмадоноҳои «ҳақшинос» яке ҳамсӯҳбат

пешина
аз 293
навбатӣ