Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Лекин дасту дили Едигей намерафт, ки бинии Қаранорро сӯрох кунад, ҳамин хел як уштури дӯстрӯро безеб карда, аз бинӣаш маҳор гузаронад. Дар ҳақиқат ҳам баъдтар суханони Қазонқоп борҳо ба хотираш расиданд. Борҳо аз ранҷу азобҳо хашмгин шуда, савганд мехӯрд, ки дигар раҳм нахоҳад кард. Аммо боз аз раъяш бармегашт. Як замоне аҳд намуд, ки уштурашро ахта кунад, аммо боз дилаш нашуд, натавонист. Солҳо паи ҳам мегузаштанд ва ҳар сол дар оғози фасли сармо сарсонию саргардониҳо такрор мешуданд, Едигей ба ҷустуҷӯи Қаранори ба ҷунун омада мерафт...

Нохушиҳо ана ҳамон зимистон сар шуданд. Ҳа, Едигей, хуб дар ёд дорад. То даме, ки вай Қаранорро ба тавила андохта, нағзакак басту андаке оромаш намуд, Соли нав ҳам омад. Қутлибоевҳо арчаро оростанд. Барои ҳамаи бачаҳои Бӯрони ин воқеаи бузурге буд. Укубала бо духтараконаш ба хонаи Қутлибоевҳо гӯё тамоман кӯчида гузаштанд. Рӯзи дароз тайёрӣ медиданду арчаро зинат медоданд. Едигей ҳам вақти ба кор рафтан ё аз кор баргаштанаш аввал ба хонаи онҳо даромада, арчаро тамошо мекард. Арча рӯз ба рӯз хушрӯйтар мешуд, аз ҳар гуна шилшилаҳо, бозичаҳои дасти зеб мегирифт. Зарифаю Укубала — ҳалолашон бод занҳоро! — ба хотири бачаҳо ҳамаи ҳунарашонро сарф мекарданд. Лекин, рости гап, фикру зикри калонсолон аз арча дида, бештар ба умедҳои ногуфта ва ноаёне робита дошт, ба чашмдошти айёми наздике расида, ки дигаргуниҳои некпай хоҳад овард.

Абӯтолиб бо арҷа ҳам қаноат накарда, бачаҳоро ба рӯи ҳавлӣ баровард ва онҳо ба сохтани одами барфин сар карданд. Едигей аввал гумон мекард, ки онҳо бо ҳазлу бозӣ машғуланд, аммо натиҷаи корашонро дида, қоил шуд. Як одами калони барфини қадаш баробари одам, як ҳайкали аҷибу ғариби хандаоваре дар назди иморатҳои дуроҳа, рӯ ба ҷониби қаторҳои ояндаву раванда қомат афрохта буд, ки чашму абрӯвони сип-сиёҳи ангиштӣ, бинии сурх ва даҳони ба ханда моиле дошта, телпаккӯҳнаи гӯшакдори рӯбоҳии Қазонқопро ба сар пӯшида буд. Дар як даст байракчаи сабзи роҳиоҳанчиёнро дошта меистоду гӯё марҳамат, бигзаред, роҳатон кушодааст, мегуфт, дар дасти дигар тахтапорае дошт, ки ба рӯяш дуруде навиштаанд: «Соли нави 1953 муборак бошад!». Бисёр ҳайкали дилкаш баромад. Ҳатто пас аз 1 январь низ дергоҳе пой бар ҷо меистод...

пешина
аз 293
навбатӣ